Дар шаҳри Панҷакент, ки яке аз мавзеҳои сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад, лоиҳаи “Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2023-2025” қабул карда шуд. Дар ин бора ҳукумати шаҳри Панҷакет хабар медиҳад.
Лоиҳаи барномаи мазкур дар ҷаласаи Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкории назди ҳукумати шаҳри Панҷакент, ки 21-уми январ баргузор гардид, пешниҳод ва қабул карда шудааст.
Қабл аз ин, ҳайати нави Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ муаррифӣ гардидааст ва тавре дар хабар зикр мегардад, ба он бори нахуст соҳибкорони муваффақи зодаи Панҷакент, ки ҳоло берун аз шаҳр ва мамлакат фаъолият доранд, аз ҷумла Толиб Санақулов - соҳибкори номвари сокини Ҷумҳурии Қазоқистон, Нигина Икромӣ - роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Рушди эҷодии Тоҷикистон” ва ҳамзамон роҳбари корхонаи “Деҳаи Гулзар” шомил карда шудаанд.
Таъкид мегардад, ки ҳадафи аслии Барнома такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент мебошад.

Айни замон дар ин шаҳр зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, кандакорӣ, кундалнигорӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ аз ҳунарҳои мардумии маъмул ба ҳисоб мераванд, ки имконияти рушди бештарро доранд.
Бо ин мақсад, дар Барномаи қабулшуда пешниҳоди грантҳо ҳам пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми он аз 5 ҳазор то 15 ҳазор сомониро ташкил менамояд.
Ин Барнома роҳу усулҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии омӯзиши он, ташкили намоишу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, марказу растаҳои ҳунармандӣ ва ташкили ҷамъияти ҳунармандони шаҳри Панҷакентро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, дар заминаи он озмунҳо байни ҳунармандон, муқаррар намудани имтиёзҳо ва дастгирии молиявии онҳо, роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳунармандони давлатҳои ҳамсоя, омӯхтани таҷрибаи онҳо, иштирок дар ҳамоишу намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ҳамгироии рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, ташаккули инфрасохтори соҳа, бозорёбӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар назар гирифта шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол ба феҳристи ҳунарҳои мардумии шаҳр 76 навъи ҳунармандӣ шомил гардида, беш аз 1140 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шудаанд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста