Ба Тоҷикистон 451ҳазору 200 воя ваксинаи “Janseen” - зидди COVID-19 дар доираи механизми COVAX ва бо дастгирии кишвари Британияи Кабир ворид гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, вояҳои ваксинаи мазкур дирӯз, 16-уми март, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон қабул карда шуд.
То имрӯз теъдоди умумии шаҳрвандони моякӯбишуда дар кишвар 5 миллиону 96 ҳазору 217 нафарро ташкил медиҳад (ба ин теъдод ҳама, онҳое, ки як, ду, се ё чаҳор воксин қабул кардаанд, дохил мешавад) гуфт, сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир 97,8 дарсади шаҳрвандон як, 97,8 дарсад ду, 97,3 дарсад се ва 82,7 дарсад чаҳор маротиба моякӯбӣ шудаанд.
Ӯ зикр кард, ки эмгузаронии шаҳрвандони болиғ дар Тоҷикистон аз 23 марти соли 2021 оғоз шуда, тибқи қарори ситоди мубориза бо коронавирус ҳатмӣ ва ройгон аст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти сомонаи covid.tj, аз 18 феврали соли гузашта дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор нашудааст.
Аз оғози пандемия, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то 17 феврали соли гузашта дар Тоҷикистон теъдоди гирифторон ба ин беморӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 264 нафарро ташкил додааст.
Теъдоди расмии фавтидагон аз нимаи дуюми соли 2021 бетағйир монд - 124 нафар.





“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста