Тоҷикистону Эрон барои таҳсили шаҳрвандони ҳамдигар бурсия (квота) ҷудо мекунанд, мактаб месозанд ва барои ҳимояи корҳои илмӣ шӯрои дифоъ таъсис медиҳанд. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дирӯз, 24-уми июл, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот карда, дар ин маврид гуфтугӯ кардаанд.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, Раҳим Саидзода аз рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Муҳаммадтақии Собирӣ қайд кард, ки вохӯрӣ боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.

“Дар вохӯрӣ масъалаҳои бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъсиси шӯрои дифоъ барои ҳимояи корҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, - гуфт Наврӯзи Мирзо.

Тавре ӯ афзуд, ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм бо Эрон дар асоси тафоҳумномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва омӯзиши олии Эрон аз 31 декабри соли 1996 ба роҳ монда шудааст.

Номбурда таъкид намуд, ки дар вохӯриҳои баъдӣ ҷузъиёт ва барномарезии лоиҳаҳо миёни ду кишвар, ҷудо гардидани бурсия ва таъсиси шӯрои илмӣ дақиқ мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз сардии кӯтоҳ дар муносибати Тоҷикистону Эрон, вақтҳои охир равобити ду кишвар тақвият меёбад.

Давоми соли ҷори мақомоти гуноногуни ду кишвар дар Душанбеву Теҳрон мулоқотҳо баргузор карда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар ин сол додситони кулл ва вазири фарҳанги Эрон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳамчунин, намояндагони илму адаби тоҷик низ пас аз чанд сол дар намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.