Офати табиӣ, ки пас аз боришоти шадид дар минтақаи шимоли Тоҷикистон рух дод, ба зиёда аз 60 манзил зарар расонид.

Ба иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ, бар асари фаромадани сел дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ рӯзи 28 июл 161 хоҷагӣ осеб дид.

Сурат: КҲФ ҶТ

Аз ҷумла селу лойқа 16 хонаро қисман зер карда, ба 64 иншооти ёрирасон зарар расонид ва 81 қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд.

Сурат: КҲФ ҶТ

“Барои ёрӣ ба оилаҳои осебдида, инчунин тоза кардани қубуру ҷӯйҳои обрасон, кӯчаву роҳҳои Урметан аз сангу лойқа, зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа ва техникаи муҳандисӣ сафарбар карда шуданд. Рӯзи 29 июл 3 нуқтаи таъминот бо оби нӯшокӣ барқарор шуда, ҳозир аҳолӣ бо оби нӯшокӣ пурра таъмин аст”, - илова карданд дар Кумита.
Сурат: КҲФ ҶТ

Дирӯз дар қаламрави гузари Лангари ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби 5 адад техникаи муҳандисӣ ва 270 нафар аҳолии деҳа роҳҳои байни гузарҳо, селпартоҳо ва гӯшаву канори хонаҳо аз аз сагу рег ва лойқа тоза карда шуданд.

Сурат: КҲФ ҶТ

Ба оилаҳои осебдидаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сифати кумаки таъҷилӣ 80-тогӣ кӯрпа (матрас), болишт, асбобу анҷоми ошхона ва лавозимоти гигиенӣ фиристода шуд.

Ҳукуматҳои Истаравшан, Панҷакент ва Шаҳристон ба оилаҳои осебдида маҳсулоти хӯрокворӣ фиристоданд.

Сурат: КҲФ ҶТ

Айни замон корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, ҳаҷми зиёни расида муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.