Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KFW) шартнома ба имзо расид, ки дар доираи он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шартномаи зикршударо рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори минтақавии KFW  дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер имзо карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

“Дар доираи Шартномаи мазкур 13,97 млн. евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад”, - омадааст дар хабар.

Сурат: хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки аз аввали марҳилаи лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44,1 млн евро грант ҷалб гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳа қисмате аз маблағҳои лоиҳа ба пойтахти ҷумҳурӣ дода мешавад, дар ҳоле, ки он пеш аз ҳама, барои рушди “ноҳияҳои дурдаст” пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.