Дирӯз, 30-юми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба беш аз 200 чеҳраи илму адабу фарҳангу санъат, кормандони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ дод. Маълум кардем, ки киҳо ба унвонҳои халқӣ ва корманду ҳунарпешаи шоиста сазовор дониста шуданд.
Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Абдуғаффор Абдуҷаббор - Нависандаи халқии Тоҷикистон гирифтанд.
Имсол, танҳо як нафар унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро гирифт: Убайдулло Каромат.
Ҳамчунин, Моҳрухсор Сафиева, овозхони тоҷик ва Баҳром Қодиров, навозандаи тоҷик унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гардидаанд.
Улмас Мирсаидов, ягона олими тоҷик унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистонро соҳиб гардид.
Имсол, шумораи гирандагони ҳунарпеша ва ҳунарманди шоиста аз ҳисоби овозхон ва ҳунарпешаҳои ҷавон зиёдтар буд. Моҳпайкар Ёрова ва Мирзоумари Мирзоаҳмад, ҳунарпешаҳои шинотаи театру синамои тоҷик аз ҷумлаи оҳо буданд.
Ҳамчунин, аз овозхонони ҷавон, Нигина Амонқулова, Гуласал Пӯлодова, Дилноза Каримова, Фахриддини Малик, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Фотима Машрабова, Таҳмина Ниёзова, Гулбаҳор Шокирова, Хуршед Иброҳимзода, Сироҷиддин Ҷӯраев, Акназар Аловатов, Ҷобиршо Хубоншоев ба унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Дар маҷмуъ, 19 нафар унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро гирифтанд.
Ба кормандони касбу кори гуногун, дар маҷмуъ ба 20 нафар унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим шуд.

Аз ҷумла, Маҷид Салим, шоир ва рӯзноманигор, Дилафрӯз Амирзода, роҳбари телевизони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Субҳиддин Шамсиддинзода, роҳбари АМИТ “Ховар”, Шамсуддинзода Садриддин, роҳбари Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Набӣ Набизода, роҳбари телевизиони “Синамо” ба унвони Корманди шоиста мушарраф гирдаданд.
Ғайр аз ин, 2 нафар бо орденҳои “Спитамен” дараҷаҳои I ва II, 7 нафар - бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 25 нафар - бо медали “Ҷасорат”, 105 нафар - бо медали “Хизмати шоиста”, 7 нафар - бо медали “Шафқат” ва 11 нафар - бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 гардиданд. Ба 15 нафар ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 тақдим шуд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста