Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Зарагул Мирасанова, яке аз масъулони Ҳизби комунисти Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ хабар додааст.
Ӯ ба аҳли оила, аз ҷумла наздикону мукаррабони марҳум ва тамоми коммунистони Тоҷикистон ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.
Ҳарчанд ӯ сабаби марги роҳбари собиқи коммунистҳои тоҷикро нагуфтааст, вале ба мо маълум аст, ки ӯ чанде пеш дар беморхона бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буд. Эҳтимол маҳз бемории пас аз ҷароҳиаш сабаби марги ӯ шуда бошад.
Пайвандони Шодӣ Шабдолов дар як тамоси кӯтоҳ ба "Asia-Plus" гуфтанд, ки маросими ҷаноза пагоҳ дар зодгоҳи сиёсатмадор - шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки ӯро дар зодгоҳаш ба хок супоранд.
Шодӣ Шабдолов, ки ду рӯз пеш, 17-уми октябр ба синни 80-солагӣ расида буд.
Ӯ ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд. Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.
Шодӣ Шабдолов 17 октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст.
Дар зер мусоҳибаи охирини ин сиёсатмадори тоҷикро ки дар рӯзи 80-солагиаш, ду рӯз пеш- 17-уми октябр бо “Азия-Плюс” кард, пешниҳод мекунем: Шодӣ Шабдолов: Дар ягон ҳолат мавқеамро тағйир надодаам.
Ҳайати эҷодии "Asia-Plus" ба пайвандони Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадор ва арбоби давлатии тоҷик, ҳамдардӣ баён карда, барояшон сабру шикебоӣ мехоҳад!
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?
Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои "паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири шаробхор ва зоҳид”
Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста