Аз судури фармон дар бораи манъи пардохти нақдии андоз, боҷҳои давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои муздноки давлативу пардохтҳои иҷтимоӣ се моҳ сипарӣ шуд.

Бо назардошти ин, аз сокинон пурсидем, ки оё ба ин навъи пардохтҳо одат карданд, бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯбарӯ шуданд ва барои беҳтар шудани низоми пардохти ғайринақдӣ чӣ пешниҳодҳо доранд.

Бояд гуфт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” 22-юми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.

Тибқи ин фармон, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд - хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.