Ин тасмим дар мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Геннадий Сахаров, директор оид ба сармоягузориҳои асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Русия таъкид гардид. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати меҳнат хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳадафи он “омода намудани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯ барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Корпоратсияи давлатии “Росатом”” аст.

Хатмкунандагони тоҷик дар Донишгоҳи давлатии сохтмони Маскав таҳсил карда, баъд аз хатми донишгоҳ дар “Росатом” таҷрибаомӯзӣ мекунанд ва ба ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дар мулоқот ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҷиҳати омода намудани мутахассисон ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон байни вазорати меҳнати Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия ва Корпоратсияи давлатии “Росатом” Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Ин мулоқот дирӯз, 22-юми ноябр, дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия сурат гирифтааст.

Акс аз сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли азолӣ

Дар мулоқот ҳамичунин, масъалаи ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самти ҷалби муташаккилона, аз ҷумла дар масъалаҳое, ки қабули қарори дуҷонибаро талаб менамояд, омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Русия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни ин кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазорати меҳнати Тоҷикистон гуфтааст, айни замон “Росатом” ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва талабот ба хатмкунандагони донишгоҳҳо то соли 2030 ба 30 ҳазор нафар мерасад.

Ин ниҳод навиштааст, ки “Росатом” барои кормандонаш зиёда аз 100 ҳазор рубл маош пардохт мекунад ва ҳамчунин, имтиёзҳое ҳам мисли фаъолияти меҳнатии расмиро дар асоси кодекси меҳнат ва сатҳи баланди кафолатҳои иҷтимоиро пешбинӣ менамояд.

“Росатом” холдинги бисёрсоҳавӣ буда, дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, сохтмон ва ғайра фаъолият менамояд. Дар зертобеи Корпоратсияи давлатӣ зиёда аз 400 корхона ва ташкилот фаъолият намуда, дар онҳо зиёда аз 330 ҳазор нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.