Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи хароҷот дар истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд.

 

Ба гузаронидани амалҳои иҷро кадом хароҷотҳо дохил мешаванд?

Дар моддаи 108 Қонун Дар бораи истеҳсолоти иҷро номгӯи хароҷоти истеҳсолоти иҷро пешбинӣ шудаанд. Ба хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро маблағҳои сарфшудаи зерин дохил мешаванд:

 

-ошкоркунӣ, азназаргузаронӣ, нархгузории молу мулки қарздор;

-ташкил, ба рӯйхат гирифтан ва ҳабси молу мулки қарздор, ҳамлу нақл ва нигоҳдории чунин молу мулк;

-фурӯхтани молу мулки ҳабсшуда;

-пардохт намудани хизмати тарҷумон, мутахассис ва дигар шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда -барои анҷом додани амалҳои иҷро ҷалб карда шудаанд;

-хароҷоти нақлиётии иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои амалҳои иҷро;

-хароҷоти почтавию телеграфӣ, алоқаи барқӣ ва коммуникатсионӣ;

-кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст;

-пешпардохти ҳаққи ситонанда;

-дигар амалҳои зарурие, ки дар раванди иҷрои ҳуҷҷати иҷро гузаронида шудаанд.

 

Тартиби ҷуброни хароҷот оид ба амалҳои иҷро чигуна мебошад Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оиди ин масъала чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

Хароҷоте, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро сарф шудаанд, аз қарздор ситонида мешаванд.

Ҳангоми қатъ ёфтани истеҳсолоти иҷро бинобар бекор шудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шуда буд, хароҷоти ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешаванд.

Дар сурати қатъ шудани истеҳсолоти иҷро, бинобар бе асос даст кашидани ситонанда аз гирифтани ашёҳои аз қарздор кашида гирифташуда, зимни иҷрои ҳуҷҷати иҷро ҷиҳати ба ситонанда додани онҳо ва ба ӯ баргардонидани ҳуҷҷати иҷро, агар ситонанда бо амал ё беамалии худ барои иҷро монеа эҷод карда бошад, хароҷоти ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби ситонанда рӯёнида мешавад.

Бо мақсади таъмини иҷрои ҳуҷҷати иҷро ситонанда ҳуқуқ дорад, ки ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро маблағҳоеро, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро зарур аст, пешпардохт намояд.

 

3.Дар раванди истеҳсолоти иҷро аз ҷониби Иҷрочӣ пардохти иҷро ситонида мешавад ё не? Хароҷоти иҷроро кӣ пардохт мекунад, ситонанда ё қарздор?

Дар моддаи 111 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар бораи ситонидани пардохтҳои иҷро меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Ҳангоми иҷрои маҷбурӣ ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкидошта аз қарздор ба андозаи даҳ фоиз аз маблағи ситонидашаванда ва дар сурати иҷрои маҷбурӣ ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкинадошта аз қарздор-шаҳрванд ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз қарздор-ташкилот ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, пардохти иҷро ситонида мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро дар баробари қабули қарор дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани пардохти иҷро қарор қабул менамояд.

Пардохти иҷро аз ситонанда дар ҳаҷми муқаррарнамудаи моддаи мазкур бо қабули қарори дахлдор дар ҳолатҳои зерин ситонида мешавад:

- даст кашидани ситонанда аз иҷрои ҳуҷҷати иҷрое, ки иҷрочии мақомоти иҷро ба истеҳсолот қабул ва амали иҷро гузаронида бошад;

-барпонашуда эълон намудани музояда ва ба моликияти худ қабул кардани молу мулк аз ҷониби ситонанда.

 

Пардохти иҷро аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷрои зерин ситонида намешавад:

-оид ба ҳуҷҷати иҷрое, ки қарздор иҷрои талаботи онро то оғози истеҳсолоти иҷро таъмин намудааст;

-оид ба андешидани чораҳои таъмини даъво;

-оид ба мусодираи молу мулк;

-оид ба баргардонидан ё супоридани далелҳои шайъӣ;

-оид ба интиқоли маблағҳои дар суратҳисоби мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ нигоҳдошташаванда;

-оид ба гирифта додани кӯдак;

-оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои такроран воридгардида, ки аз онҳо пардохти иҷро ситонида шудааст ё талаботи он ситониши даврагиро (доир ба ҳуҷҷатҳо оиди ситонидани алимент, оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ва фавти саробон, муошират бо кӯдак) пешбинӣ менамояд.

Ёдрас менамоем, ки маблағи пардохти иҷро ба суратҳисоби махсуси Хадамоти иҷро ворид карда мешавад. Тартиби истифодабарии суратҳисоби махсус аз ҷониби Хадамоти иҷро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.