Вазорати маориф ва илм барои муайн сохтани воқеаи аз хобгоҳ ронда шудани омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (ДОТ) гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҳайатро ба ин ноҳия сафарбар кардааст. Роҳбарияти донишкада ва манобеи огоҳ ҳам ин қазияро қисман тасдиқ мекунад.

Ду рӯзи охир хабари аз хобгоҳ ронда шудани 23 нафар омӯзгори ДОТ-и ноҳияи Рашт дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад. “Азия-Плюс” талош кард, ки ҷузъиёти ин қазияро равшан созад.

Дар ДОТ-и Рашт чӣ рух дод?

Дирӯз, 30-юми ноябр, нашрияи “Пайк” навишт, ки 23 омӯзгори Донишкадаи омӯзгориро “ректор Маҳмадёр Раҷабзода ва муовинону муҳофизонаш аз хобгоҳи донишкада пеш карданд”.

Ин нашрия бо такя ба гуфтаи ҷабрдидагон навишт, ки ректор “дарҳои ҳуҷраҳои хоби устодонро дар хобгоҳи муаллимон шикаста, бо зердастонаш ҷиҳози онҳоро ба берун бароварда партофтанд”.

“Чизу чораи омӯзгоронро дар саҳни донишкада рехта ва ҳатто дар пеши чашми донишҷӯён омӯзгоронро таҳқир карданд”,- омадааст дар хабари “Пайк”.

“Пайк” аз омӯзгорони ҷабрдида чунин ном мебарад:  Авазов Рабон, Тақтиров Абдуназар, Сайвалиев Наҷибулло, Одинаев Маҳмадулло, Шарипов Ҳоким, Худойдодов Ҳаким, Сурхаков Муслиҳиддин, Мирзоев Ҳикматулло, Азимов Лутфулло, Мақсудов Исматулло, Рустамов Насимҷон, Алимов Н, Мададхонов Маҳмадрӯзӣ, Азимов Фирдавс ва дигарон.

Тасдиқи манбаъ

Як манбаи аз қазия огоҳ, ба шарти ифшо нашудани номаш, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар дурӯзаи охир воқеан чанд омӯзгори ДОТ-и Раштро аз хобгоҳ берун кардаанд, вале на аз хобгоҳи омӯзгорон, балки аз хобгоҳи донишҷӯён.

Тавре ӯ гуфт, омӯзгороне, ки дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ба таври муваққатӣ дар хобгоҳи донишҷӯёни донишкада ҷой дода шудаанд.

“Он омӯзгорон барои дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ кардан бо донишгоҳ шартнома надоштанд ва барои он ки роҳи омӯзгорон дур буду хобгоҳ холӣ, раёсати донишкада барои иқомати муваққатӣ иҷоза дод. Акнун ҳамаи омӯзгорон аз хобгоҳ бароварда шуданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Назари омӯзгорони ҷабрдида ба “Азия-Плюс” дастрас нест ва дар сурати пайдо шудани назари ҷабрдидагон ҳатман онро интишор медиҳад.

Вазорат гурӯҳи корӣ таъсис додааст

Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазорат қазияи мазкурро пайгирӣ мекунад ва аллакай гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

“Аз ҳисоби масъулини раёсатҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм гурӯҳи корӣ таъсис шуд ва ин ҳайат субҳи имрӯз ба ноҳияи Рашт сафарбар шуданд. Қазияи мазкур пайгирӣ ва ҷузъиёти он ошкор ва расонаӣ мешавад”, - гуфт Наврӯзи Мирзо.

Аммо Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт дар як тамоси телефонӣ бо рӯзноманигори мо гуфт, “ман дар маҷлис ҳастам” ва тамосро қатъ кард. Муовини раис Бахтиёр Муродзода ҳам ба зангҳои паёпайи мо посух надод.

Донишкада қазияро қисман тасдиқ мекунад

Дар қабулгоҳи ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳам ба тамосҳои батакрори мо ҷавоб надоданд. Аммо дар вокунише, ки аз номи ректор Маҳмадёр Раҷабзода дар саҳифаи фейсбуки ДОТ дар ноҳияи Рашт нашр шудааст, қисман қазияи мазкур тасдиқ гардидааст.

Акс аз ҳафтаномаи "Пайк"

Дар ин вокуниш теъдоди омӯзгорон ва қазияи рондани онҳо зикр намешавад, танҳо қайд мегардад, ки “хобгоҳи донишҷӯёни донишкада таъиноти иҷтимоияш танҳо барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст, вале бо сабаби дурии роҳ раёсати донишкада барои як гурӯҳ омӯзгорони ҷавон чанд утоқи хобгоҳро муваққатан барои истиқомати онҳо ҷудо кард. Марҳала ба марҳала қисми зиёди омӯзгорон хонаҳои истиқоматии иҷоравии назди донишкадаро барои зист интихоб намуданд.”.

“Омӯзгороне, ки дар мақола ному насабашон зикр шудааст, як гурӯҳ сокинони Рашт ва гурӯҳи дигар аз ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш мебошанд. Воқеае, ки дар мақолаи Шумо тасвир шудааст (манзур хабари нашрияи “Пайк” аст - АП), рондани омӯзгоронро аз манзили истиқоматӣ ифода намесозад, балки худи омӯзгорон медонистанд, ки иқомати онҳо дар хобгоҳи донишҷӯён муваққатӣ аст ва дар байни раёсати донишкада ва омӯзгорон ҳеҷ гуна расмиёти ҳуқуқӣ вуҷуд надорад”, - омадааст дар вокуниши ректор.

Инчунин, дар вокуниши дигаре, ки аз номи Зокирзода З.Х., муовини аввали ректори ин донишкада нашр гардидааст, гуфта мешавад, ки як теъдоди омӯзгороне, ки дар хабари “Пайк” зикр мешаванд, “сокинони ноҳияи Рашт буда, дар хобгоҳи донишҷӯёни донишкада зиндагонӣ намекунанд”.

“Аммо омӯзгорон бо ному насаби Худойдодов Ҳаким, Азимов Лутфулло ва Алимов Н.  дар донишкадаи мазкур кор намекунанд ва мо бори аввал бо ин ному насаб ошно шудем”, - афзудааст муовини ректор.

Дар ин борабар, дар вокунишҳо таъкид шудааст, ки даъвои “ректор дари ҳуҷраҳои омӯзгоронро шикаста ва колои онҳоро ба берун рехтан” асоси воқеӣ надорад.

Ҳамзамон, аз номи Фирдавс Азимов вокуниши дигаре интишор шудааст, ки ба гуфтаи худаш, омӯзгори ДОТ-и Рашт мебошад ва номаш дар хабари нашрияи “Пайк” зикр шудааст.

Дар кулл, ҳоло хабари мазкур расман баррасӣ нагардидааст ва то куҷо асоси воқеӣ дорад ва вокунишҳои мазкурро кӣ навиштааст, маълум нест.

“Азия-Плюс” шарҳи муфассал ва хулосаи гуруҳи кории Вазорати маориф ва илмро ҳам пайгирӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.