5-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии ризокорӣ (волонтёрӣ) аст. Ба ин муносибат, номгӯи чанд ташкилотеро, ки дар Тоҷикистон ба ризокорӣ машғуланд, муайян кардем.
American Space Dushanbe
ASD, асосан, дар самти омӯзиш ва табодули илмиву фарҳангӣ миёни ҷавонони Амрикову Тоҷикистон фаъолият мекунад. Марказ пайваста чорабиниҳои гуногуни таълимиву фароғатӣ барпо намуда, ҳавасмандони донишу омӯзишро ба ҳам меорад.
Бояд гуфт, ки қабул ба гурӯҳи ризокорони марказ ҳар сол як маротиба ҷараён гирифта, ризокорон дар раванди кори он фаъолона ширкат меварзанд.
Айни замон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 8 маркази амрикоӣ фаъолият дорад.

Нишонӣ: кӯчаи М. Турсунзода 49, 3
Телефон: (+992) 98-760-02-22
Нишонаи электронӣ: [email protected]
Инстаграм:https://instagram.com/americanspacedushanbe?igshid=MzMyNGUyNmU2YQ==
Фейсбук: https://www.facebook.com/asdushanbe?mibextid=zLoPMf
GO VIRAL
Иштирок дар фестивалу чорабиниҳои GO VIRAL имконияти хубест барои мубодилаи ғояҳо, сайқал додани маҳорати ташкилотчигӣ ва ҷаҳонбинӣ мебошад.
Агар шумо тафаккури интиқодӣ доред, аз ӯҳдаи суратгириву наворбардорӣ ва кори гурӯҳӣ баромада метавонед, пас ин гуна имконият бароятон дастрас аст.
GO VIRAL ҳар сол гурӯҳи ризокоронро дар шаҳрҳои бузургтарини Осиёи Марказӣ барои ширкат дар ташкили чорабиниҳову мубодилаи таҷриба ҷамъ меоварад ва шумо низ метавонед қисми ин оилаи калон шавед.

5-уми декабри соли ҷорӣ рӯзи ниҳоии қабули дархостҳо аст.
Почтаи электронӣ: [email protected]
Инстаграм: https://instagram.com/goviraltj?igshid=MzMyNGUyNmU2YQ==
Фейсбук: https://www.facebook.com/goviralca?mibextid=zLoPMf
“Пешрафт”
Ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” дар самти таъмини таҳсилоти босифат, мусоидату сармоягузорӣ ба рушди нерӯи ҷавонон ва хайрия кор мекунад.
Яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” сармоягузорӣ ба иқтидору тавоноии наврасону ҷавонон аст. Аз ин рӯ, дар ин самт 3 идрорпулӣ - “Сармоягузорӣ дар истеъдодҳо”, “Саҳми оқилона” ва “Идрорпулӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ”-ро маблағгузорӣ менамояд.
Ҳамчунин, “Пешрафт” ҳамасола дастаи ризокоронро аз ҳисоби толибилмони мактабҳо ва донишҷӯён ҷамъ оварда, ҳамроҳи дастаи худ дар баргузории чорабиниҳои самту сатҳҳои гуногун саҳм мегузорад.

Қабули ризокорон, одатан, дар аввали соли хониш оғоз ёфта, тавассути дархости онлайн ва суҳбати рӯбарӯ сурат мегирад.
Нишонӣ: кӯчаи Бофанда 5/2;
Телефон: (+992 44) 610-11-44, (+992) 000-07-79-99;
Сомона: www.peshraft.charity;
Почтаи электронӣ: [email protected];
Инстаграм: https://www.instagram.com/peshraft/
Фейсбук: https://www.facebook.com/Peshraft
Y-PEER
Y-PEER (Youth peer educational network) шабакаи байналхалқии таълимии ҷавонон аст, ки дар асоси принсипи “бо ҳамтои худ” фаъолият мекунад. Ҳадафи асосии кори шабака маърифатнокӣ дар соҳаи саломатӣ, баробарии гендерӣ ва равнақи маҳорати ҳаётии ҷавонон мебошад.
Ғайр аз ин, гурӯҳи ризокорони шабака дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Қабули ризокорон оғози ҳар сол сурат гирифта, дар ду давра - қабули дархостҳо ва суҳбати рӯбарӯ, мегузарад.

Нишонӣ: хиёбони Рӯдакӣ, 137
Телефон: (+992) 901-21-91-06;
Почтаи электронӣ: [email protected]
Инстаграм:https://instagram.com/ypeer.tj?igshid=MzMyNGUyNmU2YQ==
Фейсбук:https://www.facebook.com/ypeer.tj?mibextid=zLoPMf
Марказҳои Орхус дар Тоҷикистон
Марказҳои Орхус дар Тоҷикистон дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолият намуда, ба ташкилу гузаронидани машғулиятҳои омӯзишиву чорабиниҳои экологӣ машғуланд.
Дар назди марказ гурӯҳи ризокорон - дӯстдорону муҳофизони табиат, аз ҳисоби толибилмону донишҷӯён фаъолият мекунанд. Ва ҳар касе, ки хоҳиш дораду нисбати табиат бетавофут нест, метавонад узви гурӯҳи ризокории марказ гардад.
Идораҳои марказ дар 7 минтақаи Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Нишонӣ: кӯчаи Шамсӣ, 5/1, бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Телефон: (+992) 918-17-98-86;
Сомона: www.aarhus.tj,
Почтаи электронӣ: [email protected]
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Ризокорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву сиёсӣ саҳм доранд.
Гурӯҳи ризокорон аз ҳисоби хонандагону донишҷӯёни фаъол аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонони ҳукумати ноҳияҳо ҷамъ оварда мешаванд.

Нишонӣ: кӯчаи Академик Раҷабовҳо, 3
Телефон: (+992) 372-21-18-29;
Почтаи электронӣ: [email protected]
Фейсбук: https://www.facebook.com/kumitaijavononvarzish?mibextid=zLoPMf
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста