Дар Тоҷикистон мавсими “мусодираи маводҳои тарфгарӣ” оғоз шуд ва мақомот аз ду ноболиғ беш аз 7,5 ҳазор “Трения” дарёфт ва мусодира карданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Конибодомро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир кардаанд.

“Аз номбурдагон ба миқдори 7 ҳазору 520 дона маводҳои тарфгарии намуди “Трения” дарёфт ва гирифта шудааст”, - менависад ВКД.

Манбаъ дигар ҷузъияти ин қазияро расонаӣ накарда, танҳо мегӯяд, ки “тафтишот идома дорад”.

Қонунгузорӣ чӣ ҷазо пешбинӣ кардааст?

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мусодираи маснуоти тарфгарӣ оғоз мекунанд. Маъмулан, он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни Соли нав рост меояд.

Бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин “дилхушӣ” бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту ҳамвора шикоят мекунанд.

Мувофиқи моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ҳоло як нишондиҳанда 68 сомонӣ аст ва маблағи ҷаримаи маводи тарфгарӣ аз 6,8 ҳазор то 34 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Пас аз соли нав, ки ҳаҷми як нишондиҳанда то 72 сомонӣ баланд мешавад, ҷаримаи мазкур аз 7,2 ҳазор то 36 ҳазор сомонӣ боло меравад.

Акси марбута
Акс аз vzglyadriv.kg

Ба ҳукумат мумкин, ба аҳоли не?

Дар ҳамин ҳол, вақте воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон манъ аст, ҳукумати кишвар дар ҷашну сурҳои гуногун аз он истифода мекунад. Дар ин робита ВКД-и кишвар мегӯяд, ки он тавассути ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ ворид мешаванд ва бештари онҳо рамзҳои идона мебошанд.

Аз маркази матбуоти ВКД соли гузашта ба “Азия-Плюс” гуфтанд, чунин “салют”-ҳо дар як вақти муайян ва дастури махсус бахшида ба ин ё он ид, ки бештар хусусияти оммавӣ доранд, ворид карда мешавад ва он дастрасӣ аҳолӣ намешавад.

“Ин мавод ба мардум фурӯхта намешавад ва бемаврид дар миёни ҷомеа “парронда” намешавад. Тарзи воридшавии он муқаррароти қонунӣ дорад ва онро худи давлат ворид мекунад. Вақте ки аз гумрук ҳам ворид мешавад, ҳуҷҷатҳояш қонунӣ аст ва муайян карда шудааст, ки барои чӣ ворид мешавад”,- шарҳ дода буданд аз маркази матбуоти ВКД.

Чаро манъ карда шуд?

Мақомот мегӯянд, вақте эҳсос шуд, ки хатари маводи тарфгарӣ сол аз сол зиёд мешавад, тасмим гирифтанд, воридот, паҳн ва истифодаи онро дар ҳудуди кишвар манъ кунанд.

Воқеан, солҳои пеш расонаҳо дар натиҷаи истифодаи маводҳои протехникӣ, махсусан “хлопушка” аз сӯхтор ва ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхонаҳо интиқол ёфтани аҳолӣ зиёд хабару гузориш нашр мекарданд.

Дар мавриди истифодаи маводҳои тарфгарӣ ҳатто расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади хеш зикр кард, ки ҳар соли нави мелодӣ овози маводҳои тарфгарӣ дар миёни мардум хотираҳои ногувори солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир меорад.

Баъдан соли 2008 қонунгузории кишвар ин равандро расман маън кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.