Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дар Хуҷанд бори нахуст пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дарҳои худро барои тамошобинон боз кард.

Миёни аввалин тамошобинони осорхона як гурӯҳи кормандони шаҳрдории Бӯстон (собиқ Чкаловск) ҳузур доштанд. Мо ба сафи меҳмонон ҳамроҳ шуда, дар бораи ҳаёту фаъолияти олим суратгузориши таҳия намудем.

Қобили зикр аст, ки миёни ашёву чизҳои нав тасбеҳи Бобоҷон Ғафуров, ки ӯ онро пас аз адои маросими ҳаҷ дар соли 1974 бо худ дошт, мошинкаи чопкунӣ, диван аз хонааш дар Маскав, даҳҳо сурати хешовандону наздикони академик, аз ҷмула водидони ӯ ва омӯзгорони аввалинаш дида мешаванд.

Ҳамаи ашёву экспонатҳои нав ба осорхона аз ҷониби оилаи академик ва як қатор муассисаҳои илмии Маскав ва Санкт-Петербург дода шудаанд.

1/12

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.