Ширкати IRS хабар медиҳад, ки бо вуҷуди давомдору пуршиддат будани бориши борону барф дар масири Душанбе  - Чаноқ,  ин роҳ барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.

“Тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш мунтазам амалӣ шуда истодааст”, - зикр мегардад дар хабари нашршуда дар саҳифаи Facebook-и ширкат.

Гуфта мешавад, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, гузариши фура ва автомобилҳои боркаши притсепдор муваққатан маҳдуд гардид.

Зимнан аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар дохили нақби "Дӯстӣ" (мавзеи Майхура) бо иштироки автомашинаи боркаши бузургҳаҷм (Фура) ва “Спринтер” садамаи нақлиёт рух дода, ҳаракати нақлиёт муддате муваққатона манъ шуда буд. Айни замон паёмади садама бартараф шуда, хушбахтона, касе дар ин садама осеб надидааст.

Қобили зикр аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.