Ба оилаҳои гурезаҳои афғон дар вилояти Суғд кумаки якдафъинаи пулӣ расонида шуд. Дар ин бора Sugdnews хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба 39 оилаи афғон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 3 оила дар шаҳри Панҷакент 1190 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Маблағи умумии кумак 49 ҳазору 980 сомониро ташкил додааст.

“Ҳадафи аслии кумак дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ва беҳбуди шароити зисти онҳо, аз ҷумла оилаҳои шаҳрвандони Афғонистон мебошад, ки бар асари вазъ дар кишвари худ гуреза шудаанд”, - зикр кардааст намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Рустамбек Аҳмадзода.

Паноҳандагони афғон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Панҷакент дар доираи лоиҳаи “Суръатбахшӣ ба фаъолияти минтақавӣ дар шароити буҳрони башардӯстона ва тиббӣ ЕСНО-РРР”, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ мешавад, кумак гирифтанд.

Қаблан дар доираи лоиҳа ба 43 оилаи афғон кумак расонида шуда буд. Ба ҷуз пул, онҳо бастаҳои маводи хӯрокворӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал гирифтанд.

Қисмати зиёди гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, 30 километрии Душанбе зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо қонунӣ дар кишвар иқомат дошта, шаҳодатномаи расмӣ доранд, ки аз ҷониби Раёсати Комиссари олии ССМ оид ба умуи гурезагон дода шудааст.

Бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон,  дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор гурезаҳо аз Афғонистон зиндагӣ мекунанд, ки тӯли солҳои гуногун баъди сари қудрат омадани Толибон* фирор кардаанд.

Аксарияти кулли нҳо мегӯянд, ният надоранд, ки дар Тоҷикистон ба муддати зиёд боқӣ монанд. Ин кишварро онҳо ба сифати нуқтаи интиқол ба давлатҳои Ғарб медонанд. Соли ахир ҳудуди 4 ҳазор паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон ба Канада рафтанд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо дар соли охир мақомоти Тоҷикистон 74 нафар ва моҳи августи соли 2022 - 10 гурезаи афғонро ба ватан фиристоданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.