Бештар аз як ҳафта баъд соли нав фаро мерасад. Душанбе бошад аз ҳоло ба оҳистагӣ қабои ҷашнӣ мепӯшад. Дар маркази пойтахт ҳам арчаи солинавӣ гузошта шудааст.

Дар арафаи фарорасии соли нав мо аз сокинони шаҳр пурсидем: Соли навро чӣ хел ва дар куҷо ҷашн мегиред ва барои таҷлили он чӣ қадар маблағ ҷудо мекунед?

Бештари сокинон посух доданд, ки фарорасии соли навро ҳамроҳ бо аҳли оила ва дар хона ҷашн мегиранд. Ва барои таҷлили Соли нав маблағ ҳам доранд. Аммо теъдоде аз онҳо зикр карданд, ки бинобар гаронии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ оростани дастархони идона ва дар умум, таҷлили фарорасии соли нав гарон хоҳад буд.

Андешаи сокинони Душанберо дар бораи таҷлили фарорасии соли нав дар навори зерин тамошо кунед:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.