Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби ба рӯйхат гирифтани молумулки қарздор дар истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд.

Масъалаи мазкур дар моддаи 63 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» танзим гардидааст. Иҷрочии мақомоти иҷро рӯйхати молу мулки қарздорро ба миқдоре, ки ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти иҷро зарур аст, тартиб медиҳад. Иҷрочии мақомоти иҷро метавонад ба молу мулки ба рӯйхат гирифташуда муҳр гузорад.

Барӯйхатгирии молу мулки қарздор дар ҳузури қарздор ва шахсони холис гузаронида мешавад. Дар ҳолати набудани қарздор, барӯйхатгирӣ бо иштироки яке аз аъзои болиғи оилаи ӯ ва дар сурати набудани ин шахсон бо иштироки намояндаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва шахсони холис тартиб дода мешавад. 

Ҳангоми барӯйхатгирӣ қарздор ҳуқуқ дорад ба иҷрочии мақомоти иҷро бобати дар навбати аввал ба кадом молу мулк нигаронидани ситониш арз намояд. Иҷрочии мақомоти иҷро чунин арзро қонеъ мегардонад, агар он ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро мухолифат накунад.

 

Мӯҳтавои санади  бақайдгириро  кадом маълумот ташкил медиҳад? Дар санади барӯйхатгирӣ ва қарор оид ба ҳабси молу мулк кадом иттилоот бояд дарҷ карда шаванд?

Масъалаи мазкур дар моддаи 64 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  танзим гардидааст. Дар санади барӯйхатгирӣ ва қарор оид ба ҳабси молу мулк бояд маълумоти зерин зикр шаванд:

1) сана ва маҳалли тартиб додани санади барӯйхатгирӣ ва қарор;

2) насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро;

3) номи суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷрои он ба иҷро расонида мешавад;

4) насаб, ном ва номи падари ситонанда ва қарздор;

5) номи ҳар як молу мулки ба санад ва қарор дохил кардашуда, нишонаҳои фарқкунандаи он (вазн, андоза, дараҷаи дошти он ва ғайраҳо), баҳои тахминии ҳар як молу мулк дар алоҳидагӣ ва арзиши тахминии ҳамаи молу мулк;

6) насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, ки молу мулкро барои нигаҳдорӣ ба онҳо супоридааст, суроғаи онҳо, агар нигаҳдории молу мулк ба зиммаи худи қарздор вогузор нашуда бошад;

7) қайд дар бораи ба қарздор ва дигар шахсон фаҳмонидани тартиб ва муҳлати шикоят аз болои амали иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин дар бораи ба қарздор ва нигоҳдорандаи молу мулк фаҳмонидани уҳдадориҳои онҳо оид ба нигаҳдорӣ ва дар бораи ҷавобгарӣ ҷиҳати исрофкунӣ, азхудкунӣ ё пинҳонкунии молу мулки барои нигоҳдорӣ супоридашуда;

8) эрод ва арзи ситонанда, қарздор ва шахсоне, ки дар вақти барӯйхатгирӣ иштирок доштанд ва фармоишҳои аз рӯи онҳо додаи иҷрочии мақомоти иҷро.

Ёдрас менамоем, ки Санади барӯйхатгирӣ аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ва шахсоне, ки дар тартиб додани он иштирок доштанд, имзо карда мешавад. 

Қарор дар бораи ҳабси молу мулкро иҷрочии мақомоти иҷро имзо намуда, нусхаи онро ба тарафҳо ва ё нигоҳдорандаи молу мулки ҳабсшуда месупорад.

 

Гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор бо кадом мақсад амалӣ карда мешавад? Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оиди ин ҳолат чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

Масъалаи мазкур дар моддаи 65 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  танзим гардидааст. Гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1) барои ба фурӯш баровардан бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;

2) барои супоридани молу мулк ба ситонанда;

3) барои супоридани молу мулк барои нигоҳдорӣ, аз ҷумла ба дигар шахси нигоҳдорандаи молу мулк;

Ҳангоми гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор, мумкин аст ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нигаронидани ситониш ба молу мулки мазкур гирифта шаванд. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми барӯйхатгирӣ ё гузоштани ҳабс ҳуқуқ дорад молу мулки қарздорро пурра ё қисман гирад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.