Имрӯз, 25 декабр Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сементи тоҷик” эълон кард, ки корашро қатъ мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раҳбарияти корхонаи мазкур хабар дод.

“Мутобиқи протоколи №6-и ҷаласаи ҳукумти Тоҷикистон аз 29 июни соли 2023 Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сементи тоҷик” (ҶСК “Сементи тоҷик”), суроғаи ҳуқуқӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 205, ки аз соли 1942 кор мекунад, дар робита ба куҳна шудани корхона ва таъсири манфиаш ба экологияи шаҳр, эълон мекунад, ки аз 26 декабри соли 202 фаъолияти худро қатъ мекунад”.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки корхонаи “Сементи ттоҷик”-ро бандад, зеро бар ин назар аст, ки он ба вазъи экологӣ зарар мерасонад. Ин масъала чандин сол миёни мутахассисон ва фаъолон баррасӣ шуда, онҳо аз ҳукумат талаб карданд, ки корхона пурра баста шавад ё он ба ҷойи дигари дур аз маҳаллаҳои аҳолинишин кӯчонида шавад.

Пас аз дар Тоҷикистон сохта шудани якчанд корхонаҳои муосири истеҳсоли семент тайи солҳои ахир маълум шуд, ки корхонаи “Сементи тоҷик” ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба вазъи экологӣ ва сокинони шаҳр бевосита таъсир мерасонад.

Илова бар ин, ҳама дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям шуда, таъмири онҳо ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар корхона натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) истеҳсоли семент дар Тоҷикистон танҳо дар як корхона - Корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе ба роҳ монда шуда буд.

Ҳарчанд иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур 1 млн тонна дар як солро ташкил диҳад ҳам, дар чунин ҳаҷм корхона ҳеҷ гоҳ семент истеҳсол накарда буд.

Қобили зикр аст, ки дар аввал корхона ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебурд, вале баъдан ба ангишт гузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.