Дар арафаи соли нав, аз 21-ум то 31-уми декабри соли 2023 дар Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мегардад.

Дар ярмарка маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла меваҳои тару хушк, сабзавот, биринҷу донагӣ ва ғайра бо нархҳои дастрас – арзонтар аз нархи бозор барои сокинону меҳмонони пойтахт ба фурӯш гузошта шудааст. 

Ярмарка ҳамарӯза аз субҳ то соати 4-и бегоҳ дар чор нуқтаи шаҳри Душанбе - дар бозори “Меҳргон”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони назди бозори “Қарияи Боло” дар ноҳияи Сино, дар буриши кучаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шоҳмансур ва дар паҳлӯи бозори “Саховат” дар ноҳияи Фирдавсӣ, баргузор мешаванд.

Муфассал дар навор тамошо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.