Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавону шӯҳратёри тоҷик дар меҳмонии радиои “Азия-Плюс” перомуни баргузории калонтарин консерти худ дар Душанбе, пахш нашудани сурудҳояш дар телевизионҳои тоҷик, воридшавӣ ба “рӯйхати сиёҳ”, таъсиси бренди “MERU”, пӯшидани либосҳои милливу аврупоӣ, барпокунии оила ва маъруфияти таронаи “Ҷамал куду” ҳарф зад.

“Агар дастгирӣ мекарданд...”

Ин овозхон бо афсӯс мегӯяд, ки то кунун дар шаҳри Душанбе ягон консерти калон баргузор накардааст ва аз масъулини давлат хоҳиш мекунад, ки барои баргузории он дар “Кохи Борбад” имкон фароҳам оранд.

“Аудиторияи ман хеле васеъ аст, аммо мо толорҳои калон кам дорем. Дигар толорҳо барои баргузории консерт барои ман хеле тангӣ мекунад, аз ин рӯ, мехоҳам консерти худро дар “Кохи Борбад” баргузор намоям. Агар маро аз ҳукумат дастгирӣ мекарданд, аввалин консерти худро он ҷо баргузор мекардам”, - мегӯяд Меҳрнигори Рустам.

Аз сӯи дигар, чанде пештар боз ҳам дар меҳмонии мо Меҳрнигори Рустам нигаронӣ кард, ки таронаҳояш дар чандсолаи охир дар телевизионҳои Тоҷикистон пахш намешаванд ва барои эфири он маблағ талаб мекунад.

“Пештар дар ансамбли давлатӣ будем, ҳеҷ чиз намегуфтанд, доимо ройгон буд баромадҳоямон. Ҳоло бошад, дар телевизион маблағ мепурсанд. Сарояндаҳои хориҷиро ройгон мегузоранду чаро аз они худамонро не?”, - суол мегузорад Меҳрнигори Рустам.

Ӯ инчунин мегӯяд, “чорабиниҳои давлатиро режисёрҳо монополия кардаанд. Ҳамон санъаткорони шиноси худро ба саҳна мебароранд. Ман, ки худ аз кӯдакӣ дар саҳнаҳои бузурги чорабиниҳои сиёсӣ ба камол расидам, имрӯза кори онҳо хеле диламро ба дард овардааст”.

Ин овозхон мегӯяд, аз масъулин дар ин робита пурсон шудааст ва онҳо гуфтаанд, ки “дар рӯйхати сиёҳ ҳастӣ. Намедонам кадом “рӯйхати сиёҳ”-ро мегӯянд. Барои кадом корам ман дар ин рӯйхат бошам, ҳайронам. Ман ҳама вақт омода ҳастам, ки дар чорабиниҳои давлатиамон иштирок кунам ва барои хидмат тайёр ҳастам”.

Ширкати “MERU”-и Меҳрнигор

Меҳрнигори Рустам ширкати хусусии худро бо номи “MERU” таъсис доданӣ аст ва интизор меравад, ки ин ширкат дар моҳи феврал ифтитоҳ шавад.

Ин овозхон мехоҳад маҳсулоти фоидаовару табиӣ ба мардум пешниҳод кунад, чандин нафарро бо кори доимию маоши баланд таъмин намояд ва манфиате ба давлати худ расонад.

“Агар насибам шаваду корҳоямон фоидаи калон оварад, ман ният дорам, ки барои ниёзмандон хонаи истиқоматӣ сохта, роҳҳоро асфалтпӯш кунам ва ба деҳоти беоб об барам”, - меафзояд Меҳрнигор.

Ӯ дар оянда инчунин ният дорад, ки мактаби санъати худро таъсис диҳад, шогирд тарбия намояд. Ҳоло мехоҳад, ки аксари вақташро барои эҷоди таронаҳои нав сарф намояд.

Намогирифт

Таронаи нави Меҳрнигор

Меҳрнигори Рустам яке аз таронаҳои сершунавандаву машҳурро бо номи “Ҷамал куду” ба қарибӣ ба тоҷикӣ баргардон карда, бозхонӣ намуд.

Ба қавли оҳангсозон, Меҳрнигори Рустам онро бо танзими нав сурудааст, ки на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар сархати портали сурудҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Худи Меҳрнигори Рустам мегӯяд, сурудро дар муддати ду рӯз омода карда, дар арафаи соли нави милодӣ онро ба мухлисонаш эҳдо кард.

“Соли нав наздик буд, студияҳои сабту танзим хеле банд буданд, аммо тамоми шаб хоб накарда, бачаҳоро зорӣ мекардам, ки ҳар чӣ зудтар сурудро омода кунем ва бояд дар соли нав онро бихонам”, - иброз медорад овозхон.

Ӯ меафзояд, ки “баъди сабти суруд сахт бемор шудам, дуо мекардам, ки баъди ин қадар меҳнатҳои зиёд суруд ба дили ҳамагон роҳ ёбад. Баъди гирифтани чанд сӯзандору каме қувват гирифта, дар ҳоли беморӣ рӯи саҳна онро иҷро кардам. Ман ба мақсадам расидам ва ин суруд арзиши заҳмату бехобиҳои маро доштааст, ки писанди мухлисонам шуд”.

Интиқод ва посухи Меҳрнигор

Дар ҳамин ҳол, либоспӯшии Меҳрнигори Рустам дар таронаи “Ҷамал куду” мариди интиқоди тамошобинону мухлисонаш қарор гирифт. Теъдоде аз ҳаводорони овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бозхонии хуби ин суруд ба ӯ аҳсант гуфта, аз сӯи дигар, ба тарзи либоспӯшиаш эрод гирифтанд: “духтари тоҷик набояд чунин либос пӯшад!”.

Меҳрнигори Рустам дар мусоҳиба бо радиои “Азия-Плюс” дар ин робита мегӯяд, ки “зиёда аз 20 давлати дунёро гаштам, дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок кардам, дар ягон ҷо барои либос ҳақорат намекарданд, дар бораи либос гап намезаданд, барои онҳо муҳим санъату маҳорати ман буд”.

Акс аз саҳифаи Инстаграми овозхон

“Мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем ва ман медонам дар кадом маврид чӣ гуна либос ба бар кунам. Мисол, дар клипҳои сурудҳои халқӣ танҳо либосҳои тоҷикӣ мепӯшам, дар сурудҳои эстрадӣ ҳар гуна вобаста ба мазмунашон. Ман ҳунарманд ҳастам, якрангиро дӯст намедорам ва аз дигарон бояд фарқ кунам. Ҳоло хеле ҷавон ҳастам, акнун ин қадар сахтгир набошанд мухлисон. Муҳим фитрати инсонӣ аст, вагарна чӣ қадар одамоне ҳастанд, ки маҳкам пӯшида, корҳои қабеҳ анҷом медиҳанд. Ман аслан ба онҳо низ кор надорам, вале намехоҳам на онҳо дили маро ранҷонанду на ман онҳоро”, - шарҳ додааст овозхони тоҷик.

Меҳрнигор кай оиладор мешавад?

Дар ин мусоҳиба Меҳрнигори Рустам перомуни интихоби бахт ва оила барпо карданаш ҳам ҳарф зада, як шарти оиладоршавиашро гуфт: “шавҳар бояд барои пулу хонаву сарват маро интихоб накунад!”.

“Ӯ бояд кори худаш, хонаи худаш, пули худашро дошта бошад ва сатҳи зиндагияш аз оилаи ман паст набошад. Агар марде бошад, ки сатҳи зиндагияш аз сатҳи зиндагии мо паст бошад, албатта, қабул намекунам. Агар зиндагии ӯро ман таъмин намоям, пас ман шавҳар накардаам, балки зан гирифтаам”, - шӯхиомӯз мегӯяд Меҳрнигори Рустам.

Аз сӯи дигар, ин овозхон таъкид мекунад, ки “ман низ дар вазифаи келинии худ содиқ мемонам ва бовар дорам, ки арӯси хуби хонаашон мешавам”.

Мехоҳед дар бораи рӯзгору эҷоди Меҳрнигори Рустам бештар маълумот дошта бошед? Пас мусоҳибаи радиои “Азия-Плюс”-ро тамошо кунед!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.