Таҳаммулпазирӣ, аз ҷумла таҳаммулпазирии динӣ яке омилҳои муҳимми ташаккули ҷомеаи босубот аст. Махсусан, дар ҷомеаи гуногунмиллат фароҳам овардани муҳити осудаву тифоқ бидуни ташаккули таҳаммулпазирӣ ғайриимкон аст. Омилҳоли таъсиррасон дар ин раванд чист?

Мадина Почоева аз соли 2008 хабарнигори рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” аст. Дар ин нашрияи русзабон наздик ба 20 нафар кор мекунанд, ки намояндагони халқҳои гуногун – тоҷику русу тотору ӯзбек мебошанд.

Мадина аз муҳити корӣ дар идораи нашрия тавсиф карда, асрори онро ба муносибати баробари роҳбар бо ҳама кормандон рабт медиҳад.

“Сармуҳаррири рӯзнома Исҳоқҷон Зокиров принсипи худро доранд: муносибати яксон бо ҳама. Ҳамеша таъкид мекунанд, ки “аввал одам бош, баъд мутахассиси хуб. Эътиқод кори шахсии ҳар кас аст”. Мегӯянд, ҳама дар як ҷо кор мекунем, аз як сурфа нон мехӯрем, аз як ҳаво нафас мекашем. Журналист чашми ҷомеа аст, бояд рӯшанбин бошад. Ин таъкидҳо барои ташаккули муҳити хуби корӣ мусоидат кардааст”,- мегӯяд Мадина.

Мадина Почоева

“Рамазон”-у “Пасха”-ро баробар эҳтиром мекунем

Ба нақли Мадина, дар моҳи Рамазон, вақте пайравони дини Ислом  рӯза медоранд, ҳамкорони масеҳияшон ба хотири эҳтиром дар ҳузури онҳо хӯрок намехӯранд. Дар ҷавоб, онҳо ҳам “Пасха”-и масеҳиёнро эҳтиром мекунанд.

Владимир Вяхирев, рӯзноманигори ин расона, ки худ насронӣ аст, мегӯяд, дар коргоҳ эътиқод ҳеҷ гоҳ боиси ихтилоф миёни коргарон нашудааст.

“Анъанаҳои миллию динии ҳамдигарро эҳтиром мекунем. Дуруст, дар ҷойи кор имкон дорад нофаҳмиҳое пеш ояд, аммо он ҳеҷ гоҳ ба эътиқоди мо рабт надорад. Масъалаҳои корӣ ва нофаҳмиҳои дар ин замина ба миён омадаро бо ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мекунем”, - зикр мекунад Владимир Вяхирев.

Владимир Вяхирев

Эътиқод баррасӣ мешавад, аммо баҳс не

Мутрибахон Алихонзода ҳам 14 сол шуд дар расонаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Дар ин солҳо ӯ бо намояндагони халқҳо ва динҳои гуногун фаъолият кардааст.

Ӯ мегӯяд, дар ҳар ҷойе кор кардааст, баҳсҳои гуногун будааст, аммо ҳеҷ яке аз ин баҳсҳо барои паст задани кормандон сурат нагирифтааст.

“Дар идораҳои эҷодӣ баҳс зиёд мешавад ва ин бад нест, агар он дар заминаи эътиқод ба миён наомада бошад. Дар бораи эътиқод ҳам метавон баҳс кард, аммо он баҳс бояд созанда бошад, на сӯзанда. Яъне барои дарки ҳақиқат, ёфтанни посух ба саволе бошад, баҳс хуб аст, аммо агар ба хотири паст задани эътиқоди нафаре бошад, дуруст ва қобили қабул нест”, - мегӯяд Мутрибахон Алихонзода.

Мутрибахон Алихонзода

“Ҳеҷ шикояте ворид нашудааст”

Рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода таҳаммулпазириро яке аз талаботҳои муҳими динҳо медонад. Ӯ мегӯяд, дар мавъизаҳои худ ҳамеша сокинонро ба таҳаммулу муомилаи хуб даъват мекунад.

“Мақоли хубе ҳаст: “Олим шудан осон, одам шудан мушкил”. Агар ба решаи ин мақол нигоҳ кунем, дар он махсусиятҳои таҳаммулпазирии диниро пайдо мекунем. Мо дар мавъизаву мулоқотҳоямон ҳар замон ба муҳиммияти таҳаммулпазирии динӣ ишора мекунем. Ҳарчанд, дар ҷомеа ҳама баробар, бомаърифат ва таҳаммулпазир нестанд, аммо шарҳи дурусти таҳаммулпазирӣ самар хоҳад дод. Масалан, ба мо ҳеҷ гоҳ кормандони ягон корхона аз муҳити таҳаммулнопазири коргоҳаш шикоят накардааст ва ин маънои онро дорад, ки одамони коргар, яъне нафари босавод, дар бораи таҳммул карда тавонистани дини ҳамдигар, муфид мудани таҳаммулпазирии динӣ дар  ҷойи кор маълумот дорад”, - меафзояд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Самаранокии кор  ва таҳаммулпазирӣ

Ҷомеашинос Илҳомҷон Ҳошимов ба зарурати таҳаммулпазирии динӣ дар ҷойи кор ишора карда, таъкид менамояд, ки он ба фаъолияти корхона таъсири мусбат мерасонад.

Илҳомҷон Ҳошимов

“Дар коргоҳи мо калимаву ибораҳои "Ту наметавонӣ! Бесавод! Канор истову маро тамошо кун! Беҳунар! Маро эҳтиром намо! Ҷоятро дон!" ва амсоли ин истифода намешавад. Агар навкор наметавонад, бояд омӯзонид. Ҳеҷ гоҳ ба забону эътиқод ва миллат ишора намешавад. Ин аст муҳимтарин омили таъсиррасон ба ташаккули муҳити хуби корӣ ва таъмини таҳаммулпазирӣ”, - мегӯяд Илҳомҷон Ҳошимов. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.