Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимии пойтахт (мактабу кӯдакистонҳо), инчунин падару модаронро аз манъи талаб намудани туҳфа ва маблағ барои ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз огоҳ кард.

Сарраёсати маорифи пойтахт дар саҳифаи худ дар Facebook бо ин мақсад муроҷиати худро ба нашр расонидааст.

“Тибқи талаботи қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад”, - зикр мешавад дар муроҷиати Сарраёсат.

Гуфта мешавад, дар ҳолати аз ҷониби кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе талаб кардани маблағ ва ё туҳфаситонӣ, шаҳрвандон метавонанд арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе:  221 30 92, WhatsApp: +992 002 20 40 40 ва ё бо почтаи электронӣ: mailto:[email protected] пешниҳод намоянд.

“Арзу шикоятҳои пешниҳодшуда дар доираи қонунгузорӣ барои чораандешӣ ба сохторҳои дахлдор ирсол карда мешавад”, - омадааст дар муроҷиат.

Сарфи назар аз манъкуниҳо, ҷамъоварии маблағу туҳфадиҳӣ ва зиёфатороӣ дар мактабу кӯдакистонҳо ҷомеаро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст: гурӯҳе бар ин назаранд, ки барои кӯдакон фазои идона фароҳам овардан лозим аст, гурӯҳи дигар аз ин изҳори норозигӣ мекунанд, лекин хоҳ-нохоҳ дар ин корҳо иштирок мекунанд, то ки “қатори ҳама бошанд”.

Мувофиқи маълумоти таҳқиқоти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, танҳо 11%-и пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки ҷамъоварии пул барои баргузор намудани чорабиниҳо зуҳуроти коррупсионӣ аст.

Чанде аз пурсидашудагон изҳор доштанд, ки барои туҳфа аз 50 то 500 сомонӣ медиҳанд. Қисмати асосии онҳо - 69,3% зикр карданд, ки барои тақдими туҳфа ё пули он 100 сомонӣ харҷ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, 60% изҳор доштанд, ки пулро ихтиёрӣ додаанд ва танҳо 17,3% зикр кардаанд, ки пулро “бо талаб ё ишорае” пардохт намудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.