Дирӯз, 6-уми март, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмиллалии занон таҳти унвони “Занон дар сафи пеш” бо мақсади муаррифии бонувони соҳибкор, рӯнамоии мушкилот ва душвории ин соҳа ва мубодилаи таҷриба миёни соҳибкорзанон вохӯрии намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии ИМА дар самти рушди байналмилалӣ - USAID ва сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ташкил шуд. Дар он сафири ИМА Мануэл Микаллер, сардори Раёсати рушди гендерӣ ва робитаҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова, намояндагони сохторҳои гуногуни ҳукумати кишвар ва занони соҳибкор иштирок намуданд.

“Занон барои ҷомеа нақши ҳаётӣ доранд. Ҳадафи ин чорабинӣ низ ба ҳам овардани намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ барои ҷалби занон дар пешбурди соҳибкории хурд мебошад. Зеро 50% нерӯи кории ҷомеаро занон ташкил медиҳанд ва бо нерӯманд гардонидани занон мо ҷомеаро нерӯманд мекунем”, - қайд намуд Мануэл Микаллер.

Чорабинӣ аз ду муҳокимаи панелӣ - яке бо иштироки бонувони соҳибкор ва дигаре бо ширкати намояндагони ҳукумати кишвар иборат буд. Соҳибкорзанони муваффақи кишвар аз соҳаҳои гуногун, мисли бонкдорӣ, сайёҳӣ, истеҳсолоти сабук, IT ва кишоварзиву ҳунармандӣ, зимни суҳбат бо ҳозирин сири муваффақияти худро ифшо намуда, оид ба мушкилиҳои ҷойдошта дар бахши соҳибкорӣ ҳарф заданд. Ба қавли бонувон, монеаҳои асосии нокомии занон дар соҳибкорӣ  “вақт, нобоварӣ ба худ ва шарм” аст.

1/3

Дар муҳокимаи дуюм бошад, оид ба иқдомҳои ҳукумати кишвар барои рушди соҳибкории занон, ҳимояву дастгирии онҳо, омор ва имкониятҳои вуҷуддошта барои бонувон сухан рафт.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ маҳсулоти истеҳсоли соҳибкорзанон - аз маҳсулоти кишоварзиву қаннодӣ то маводи дастдӯзу дастовардҳои технологӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҳозирин имкон доштанд, бо дастранҷи бонувон шинос шуда, онҳоро харидорӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.