Яке аз лоиҳаҳое, ки дар онҳо навсозӣ ва ободонии як қатор кӯчаву хиёбон ва микрорайонҳои Душанбе пешбинӣ шудааст, қаламрави хиёбони Саъдии Шерозӣ мебошад. Он тасдиқ ва аз ҷониби КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” таҳия шудааст.

Мувофиқи нақша, хиёбон аз кӯчаи Неъмат Қаробоев то кӯчаи Ҷаббор Расулов бозсозӣ мешавад. Қаламраве, ки навсозӣ мешавад, бо хати сурх ҷудо карда шудааст.

Дар зер нақша бо тарҳи биноҳо оварда шудааст. Ҳар кадоме аз иншоот дар он бо ранги муайян зикр шудааст. Сохтмони якчанд бинои баландошёна пешбинӣ шудааст. Бархе аз онҳо алоҳида ва баъзеашон маҷмааи ибрат аз якчанд биноро ташкил медиҳанд.

Хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯчаи Ҷаббор Расулов
Сурат аз Телеграм-канали шаҳрдории Душанбе

Биноҳои истиқоматии баландошёна ва аксаран маҷмааҳои истиқоматӣ, ки аллакай бунёд шудаанд ё сохта шуда истодаанд, алоҳида бо ранги сафед нишон дода шудаанд.

Дар дохили ҳар бино ва ҳамчунин каме дуртар аз онҳо барои истироҳату бозии кӯдакон ва калонсолон майдонҳо ҷойгиранд. Дар тарҳ ранги онҳо баланди қаҳваранг аст.

Ба ҷуз биноҳои истиқоматӣ, дар ин мавзеъ биноҳои маъмуриву ҷамъиятӣ ва савдо, муассисаҳои тиббӣ ва маориф сохта мешаванд. Ҳамаи биноҳо бо услуби муосир бунёд мегарданд.

Дар тарҳ дида мешавад, ки дар ин қаламрав мавзеъҳои сабз пешбинӣ шудааст, лекин тибқи нақша ягон боғ ё ҳатто гулгашт ба нақша гирифта нашудааст.

Дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Маяковский чорраҳа бетағйир боқӣ монда, дар буриш бо хиёбони Абӯали ибни Сино ба самти кӯчаи Ганҷавӣ роҳи иловагӣ сохта мешавад.

Сохтмони эстакада ё роҳҳои дусатҳа дар ин лоиҳа пешбинӣ нашудааст.

Лоиҳаи кӯҳна

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 симои ояндаи хиёбони Саъдии Шерозӣ аллакай муаррифӣ гардида, лекин аз он дам ба лоиҳа тағйирот ворид шуд: дар лоиҳаи нав биноҳои баландошёна ба таври дигар ҷойгир шудаанд.

Лекин қисмате аз онҳо, ки сохтмонашон аз ҳамон сол оғоз гардид, бетағйир боқӣ монда, дар лоиҳаи нав онҳо бо ранги сафед нишон дода шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.