Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд ва дар он аҳли қалам бо як қатор ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд. Чорабинии Рӯзи матбуот имсол дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Пас аз қироати матни табрикот аз ҷониби масъулини мақомоти расмӣ ва барномаи консертӣ, чун анъана чанде аз намояндагони расонаҳои кишвар бо мукофоту сипосномаҳои вазорату идораҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар охир ба 9 рӯзноманигор аз рӯйи 4 бахш ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ супорида шуд.

Дар бахши матбуот:
- Латофат Кенҷаева, собиқадори матбуот, директори маҷаллаи "Истиқбол";
- Ӯрун Калонов, корманди рӯзномаи "Садои мардум";
- Шодӣ Малахов, корманди нашрияи "Омӯзгор";
- Сироҷиддин Иззатуллоев, сармуҳаррири "Время и денги";
- Музаффари Имом, муовини сармуҳаррири нашрияи “Шаҳриёр”.
Дар бахши телевизион:
- Луъбат Ризоева, корманди ТВ "Тоҷикистон";
- Шералӣ Саидов, корманди ТВ “Хатлон”.
Дар бахши радио:
- Зарангез Гирдакова, корманди радиои "Овози тоҷик".
Дар бахши пажӯҳиши илмӣ:
- Абдуҳалим Раҳимов, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.

Инчунин, дар ин чорабинӣ ба рӯзноманигорон нишонҳои сарисинагии Аълочии фарҳанг ва Аълочии маориф, ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Воҳид Асрорӣ ва ба расонаҳо сипосномаи Вазорати фарҳанг тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11-уми март нахустин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” аз чоп баромад ва сар аз соли 1995 дар Тоҷикистон ин рӯзро ҳамчун Рӯзи матбуотӣ тоҷик ҳамсола таҷлил мекунанд.
Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳоле таҷлил мегардад, ки наздики даҳ рӯзноманигори тоҷик бо ҳукмҳои паси дарҳои баста содиршуда ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол дар зиндонанд. Вазъи озодии сухан ва матбуот ҳам дар кишвар аз ҷониби созмонҳои мудофеи озодии сухану ҳуқуқи рӯзноманигорон пайваста интиқод мешавад.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста