Рӯзи 14-уми апрел дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - “Парасту 2025” оғоз мегардад. Он як ҳафта, то 21-уми апрел давом карда, 18 театри касбӣ беҳтарин намоишномаҳое, ки давоми соли 2023-2024 рӯйи саҳна оварданд, манзури тамошобинон мекунанд.
“Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанг нақшаи баргузории намоишномаҳоро дастрас кард.
Тибқи он, рӯзи 14-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи чорабинӣ доир шуда, соати 18:00 ҳунармандони театри мазкур намоишномаи “Куруши Кабир”-ро дар таҳияи Айяна Оскенбаева ба саҳна мегузоранд.
Дар ҳошияи ҷашнвора ҳамчунин, баргузории мизҳои мудаввар бо ширкати алоқамандони театр дар назар аст. Аз ҷумла, рӯзи 20-уми апрел, соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов дарсҳои маҳорат барои коргардонҳо ва ҳунарпешагони театрҳо бо иштироки коршиносони хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар бораи он ки кадом намоиши саҳнавӣ кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар тасвирҳои зерин шинос шавед:
Ҳамчунин, 21-уми апрел, рӯзи ҷамъбастии озмун, соати 13:00 мунаққидон ва театршиносон асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшударо дар нишасте бо номи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мубодила мекунанд.
Дар идомаи рӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту–2025” доир мешавад.
Бояд гуфт, давоми як ҳафта ҳамарӯза дар саҳнаҳои театрҳои пойтахт ду-се намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Дохилшавӣ ба тамоми намоишҳо ройгон аст.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” дар ду сол як маротиба доир мегардад.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста