Ворид шудан ба минтақаи гуселу пешвози мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) барои шахсоне, ки бо ин мақсад ба ин ҷо меоянд, манъ шудааст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин маҳдудият аз моҳи май ҷорӣ шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин мамнуъият бо мақсади риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ амалӣ шудааст.
Аз хадамоти матботи Фурудгоҳи Душанбе таъкид карданд, ки ин қарор ба ҳамаи шаҳрвандон дахл дорад.
Фақат дар баъзе ҳолатҳо ба нафароне, ки одамони имконияташон маҳдуд, беморон ва падару модарони кӯдакони ноболиғро ҳамроҳӣ мекунанд, ба минтақаи гуселу пешвози фурудгоҳ иҷозаи вуруд дода мешавад.
Ҳамчунин аз Фурудгоҳи Душанбе гуфтанд, ки нақша доранд барои гуселкунандагон ва пешвозгирандагони мусофирон минтақаҳои махсуси интизорӣ ташкил кунанд, то ки бароҳатӣ ва амнияти шаҳрвандон таъмин карда шавад.
Қаблан дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ хабар дода буданд, ки дар рӯзҳои наздик низоми дарвозаҳои электронӣ (e-gates), ки чандин маротиба ба таъхир афтода буд, пурра ба кор дароварда мешавад.
“Системаи дарвозаҳои электронӣ маълумоти пурраи интернетии ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоиро дар бар мегирад. Дар ҳоли ҳозир бо иштироки ҳамаи сохторҳо низом мавриди навсозӣ қарор дошта, рӯҳои наздик пурра ба кор медарояд”, - гуфтанд аз фурудгоҳ.
Дар нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2024 роҳбари Агенти авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода хабар дода буд, ки мавриди истифода қарор гирифтани e-gates рӯзи 15 марти соли 2025 дар назар буда, ҳамгироии низом ба анҷом расидааст ва корҳои насбу бандубасти ниҳоии он ҷараён дорад.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе иваз шуд: Зайнулло Шарифзода роҳбари фурудгоҳи пойтахт таъин шуда, дар ин вазифа Исматулло Абдуллозодаро иваз кард.
Мудири кулли Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ баъди санҷиши молиявӣ, ки дар фаъолияти онҳо камбудиҳои ҷиддиро ошкор кард, аз мансаб барканор шуданд.
То таъиноти нав Зайнулло Шарифзода ба ҳайси директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа мекард.





Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста