Як гурӯҳ аз вакилони рус ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки агар он қабул шавад, таҳсили бепул ё ройгон барои кӯдакони муҳоҷирон дар мактабу колеҷ ва техникумҳои ин кишварро манъ мекунад.
Муаллифони ин тарҳ пешниҳод кардаанд, ки моддаи 78 қонуни федералии Русия “Дар бораи таълим”, ки ба фарзандони муҳоҷирон ҳуқуқҳи баробар бо русҳо барои таҳсили ройгонро медиҳад, тағйир дода шавад.
Онҳо талаб кардаанд, ки муҳоҷирони корӣ бояд барои таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои Русия пул пардозанд.
Дар шарҳи тарҳи қонуни мазкур вакилони рус иддаъо кардаанд, ки теъдоди кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия афзоиш ёфтааст, ки ин ба норасоии ҷойҳои нишаст, бештар шудани фишор ба омӯзгорон ва зарурати боло бурдани маоши онҳо оварда мерасонад.
Муаллифони санад гуфтаанд, ки ҳоло дар мактабҳои Русия зиёда аз 180 ҳазор фарзанди муҳоҷирон таҳсил мекунанд ва “дар ёд гирифтани забони русӣ ва барномаҳои таълимӣ мушкилӣ мекашанд, аз ин рӯ ба дарсҳои инфиродӣ эҳтиёҷ доранд”.
Вакилони рус, ҳамчунин, гуфтаанд, ки забони русиро дуруст надонистани кӯдакони муҳоҷирон боиси кунд шудани раванди таълимии кӯдакони рус мешавад. Аммо онҳо ҳеҷ далел барои исбот ин гуфтаҳои худ ироа накардаанд.
Намояндаҳои Вазорати маорифи Русия аз ин пешниҳоди вакилони рус интиқод карда, гуфтаанд, ки аз таҳсили бепул маҳрум кардани кӯдакони муҳоҷирон бо Қонуни асосӣ ё Конститутсияи Русия мухолифат мекунад.
Дар ҳамин ҳол, моҳи июни соли равон Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар аосси он мактабҳо уҳдадор шуданд, ки дар бмаълумоти шахсии кӯдак ва волидони ӯ, натиҷаҳои тест аз забони русӣ, маълумот доир ба қабул ё хориҷ шудан аз мактабро ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар пешниҳод кунанд.
Ёдрас мешавем, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мактабҳои Русия кӯдакони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, қабул намекунанд. Барои тасдиқи сатҳи кофӣ ҷиҳати азхудкунии барномаи мактаб, онҳо бояд тест супоранд. Кӯдаке, ки имтиҳонро супорида наметавонад, уҳдадор аст, ки аз таълими иловагӣ гузарад.
Кӯшиши такрорӣ супурдани имтиҳон танҳо пас аз се моҳ имконпазир аст.
Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир, махсусан, баъди ҳодисаи “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар Русия дучор мешаванд.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста