Вазорати маорифи кишвар рӯзи 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ шикояти бархе омӯзгоронро дар робита ба пардохт нашудани маош ва маблағи рухсатиашон тасдиқ карда, гуфта буд, то охири моҳи июл музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохта шавад.
Бо гузашти қариб ним моҳ ҳанӯз омӯзгорони баъзе шаҳру навоҳии кишвар аз нагирифтани музди меҳнат ва маблағи рухсатиашон шикоят мекунанд.
Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм дар нишасти хабарӣ гуфта буд, рӯзи 27-уми июл дар ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини сарвазир вобаста ба ин масъала ҷаласа доир шуда, ба намояндагони ноҳияҳое, ки омӯзгорон то ҳол маоши худро нагирифтаанд, ҷиҳати пардохт супориши қатъӣ дода шудааст.
“Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсише гузаронида, кушиш намуд то куҷо бартараф шудани мушкилро маълум кунад.
Бо вуҷуди он ки қисми аксари сокинони кишвар дар шарҳҳо аз гирифтани музди меҳнат ва маблағи рухсатиашон навиштаанд, вале маълум гардид, ки ҳанӯз ин мушкил дар бархе мактабҳои шаҳру навоҳии кишвар ҷо дорад.

Аз ҷумла, омӯзгорон аз ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав, як қисмат аз шаҳру навоҳии Ваҳдат, Исфара ва Хуҷанд мегӯянд, то ҳол маошу рухсатии худро нагирифтаанд.
Аз ҷумла, корбаре аз ноҳияи Шаҳритус, ҷамоати деҳоти Обшорон, мактаби 44 навишт, то ҳол маош, пули рухсатӣ ва ҳатто маблағи сафар барои такмили ихтисосро пардохт накардаанд.
“То ҳол рухсатии моҳи июл ва августро нагирифтаем. Куҷо муроҷиат кунем? Ҳеҷ кас ба додамон намерасад” – навиштааст корбари дигаре аз мактаби рақами 9-и шаҳри Ваҳдат.
Ҳамчунин, бархе омӯзгорон аз кам пардохт шудани музди меҳнат ва пули рухсатиашон шикоят кардаанд.
“Музди маош ва рухсатиамонро то якуми август ним-ним гирифтем, аз як ноҳияи кӯҳистони дурдастем, 100 сомонӣ аз маош кам гирифтем, боз маблағи рухсатиам низ кам гузашт”, - навиштааст омӯзгоре.
Ин дар ҳолест, ки аз Сарраёсати вилояти Хатлон Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, то охири моҳи июли соли равон тамоми маблағҳои пешбинишуда ба омӯзгорон пардохт шудааст.
"Маблағи умумии рухсатипулӣ дар вилоят 317 миллион сомониро ташкил дода, он то охири моҳи июл ба омӯзгорон расонида шуд", - гуфтаанд аз ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, омӯзгорони мактабҳои бархе навоҳии вилоят ҳанӯз аз нагирифтани пули рухсатӣ шикоят мекунанд.
Мақомот чӣ мегӯяд?
Аз Вазорати маориф ва илми кишвар дар робита ба ин мушкил ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ба унвони ин ниҳод вобаста ба пардохт нашудани маош ва пули рухсатии омӯзгорон шикояте ворид нашудааст.
Ба иттилои вазорат, саривақт пардохт шудани музди меҳнати омӯзгорон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ вобастагӣ дорад.
Бадриддин Музаффарзода, дар нишасти матбуотӣ зикр карда буд, ки пардохти музди меҳнати омӯзгорон “аз пур шудани буҷаи шаҳру ноҳияҳо вобастагӣ дорад”.
Манбаъ афзуд, бо вуҷуди ин, агар омӯзгорон аз нагирифтани маошу рухсатиашон дар ин ё он навоҳии мушаххас шикоят кунанд, вазорат мушкилро пайгирӣ мекунад.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки омӯзгорон аз напардохтани маошашон нигаронӣ мекунанд. Қаблан низ борҳо аз дер пардохт шудани музди меҳнат шикоят карда буданд.
Дар бораи чӣ қадар маош гирифтани омӯзгорони мактабҳои миёна дар кишвар дар ин матлаб мутолиа кунед.





Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста