Имрӯз, 11-уми ноябр дар Анҷумани 16-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ба Оинномаи ин иттиҳодия тағйирот ворид гардида, Низом Қосим, ки аз соли 2015 инҷониб раисии ИН-ро ба зимма дошт, бидуни рақобат (ӯ танҳо номзад буд) маротибаи сеюм раис интихоб шуд.

Тибқи оинномаи қаблӣ, як нафар иҷоза надошт, ки беш аз ду маротиба ба ин курсӣ нишинад, аммо ворид гардидани тағйирот ба оиннома имкон фароҳам овард, ки ӯ бори сеюм роҳбари ин иттиҳодия интихоб шавад.

Нусхаи нави оинномаи ИН ҳоло танҳо дар дасти роҳбар буда, дар ҷойе мунташир нашудааст ва чӣ тағйироти дигар ба оиннома ворид шуд, ҳанӯз маълум нест.

Низом Қосим бори аввал соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд ва соли 2020 низ ин маснадро нигоҳ дошт.

Қабл аз анҷуман,  Низом Қосим ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар Анҷумани навбатӣ ба Оиннома интизор меравад, ки тағйирот ворид шавад.

“Чанд пешниҳоди тағйирот ба Оиннома ҳаст. Ҳоло як нафар ҳақ дорад ду маротиба раиси ИН интихоб шавад. Инчунин, нафаре аъзои иттифоқ мешавад, ки аз синни 55 боло набошад. Комиссия ин ду масъаларо баррасӣ доранд ва инҳо дар Анҷуман ба овоз гузошта мешаванд. Дар сурати қабул, ба Оиннома тағйирот ворид шуда, ҳар дуи ин маҳдудият бардошта мешавад”, - иброз дошта буд ӯ.

Аммо он замон ӯ дақиқ нагуфта буд, ки дар сурати тағйирот ба Оиннома бори сеюм номзадиашро пешниҳод мекунад ва ё на.

 

Боз киҳо ба чӣ мақом интихоб шуданд?

Дар Анҷумани имрӯза, Толиби Луқмон, ки то ин лаҳза сармуҳаррири “Адабиёт ва санъат” буд, ба ҷоий Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон интихоб гардид. Ато Мирхоҷа бошад, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” интихоб шуд. То имрӯз Рустам Ваҳҳобзода дар ин вазифа буд. 

Толиби Луқмон ва Сироҷиддин Икромӣ
Коллажи АП

Ато Мирхоҷа низ аз соли 2015 ба ин сӯ муовини аввали раиси ин иттиҳодия буд.

Ба ҷойи Толиби Луқмон, Абдулло Роҳнамо сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” шуд.

Муовини дигари раиси Иттифоқи нависандагон низ нав шуд. Сироҷиддин Икромӣ, ки то ин дам мудири шуъбаи насри ИНТ буд, ба ҷойи Равшан Махсумзод ба ин мақом интихоб гардид. Равшан Махсумзод бошад, сармуҳаририри маҷаллаи “Помир” интихоб шуд.  Ӯ соли 2020 ба ин маснад нишаста буд.

Бояд гуфт, дар анҷумани имрӯза ҳисоботи панҷсолаии Низом Қосим ҳамчун раиси Иттифоқи нависандагон шунида шуда, сипас аъзоёни Комиссияи тафтишот дар бораи фаъолити ИНТ дар 5 соли охир ҳисобот доданд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосим раҳбарӣ кардаанд.

Ин иттиҳодия дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд ва раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихобот буд ва он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд. Интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.