Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта додгоҳи ҷиноии Қоҳира собиқ президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ва даҳҳо тан аз пешвоёни гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин»-ро ба қатл маҳкум кард.
Ба навиштаи EuroNews , мурофиа оид ба ду парванда - хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ ва ҳамчунин фирори оммавӣ аз зиндон замони инқилоби январи соли 2011 муддати 16 моҳ идома ёфта, дар маҷмӯъ парвандаҳо нисбати 163 нафар гумонбаршудагон баррасӣ шуданд, ки 50 тан аз онҳо дар курсии ҷавобгарӣ нишаста, боқимонда дар фирор қарор доранд.
Гуфта мешавад, ҳукми аз ҷониби Суди олии Миср содиршуда пешакӣ буда, акнун муфтии олии кишвар онро тасдиқ ё инкор мекунад. Содир шудани ҳукми ниҳоӣ рӯзи 2 иююн дар назар аст.
Зикр мегардад, ки пас аз чанд соати эълони ҳукм дар минтақаи шимоли нимаҷазираи Синай ду тан аз судяҳо ва прокурор парронида шуда, алҳол масъулияти ин ҳамларо касе ба дӯш нагирифтааст, вале коршиносон дар ин робита қайд мекунанд, ки аксаран пушти ин ҳамлаҳо исломгароён - ҷонибдорони «Ихвон-ул-муслимин» меистанд.
Ба иттилои Интерфакс , Иттиҳоди Аврупо қарори суди Миср дар бораи қатли собиқ президент Мурсиро маҳкум кардааст. «Ҳукми қатли Мурсӣ ва чанде аз пешвоёни гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» ба уҳдадориҳои Миср оид ба ҳуқуқи байнулмилалӣ созгор нест», - изҳор доштааст роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Федерика Могерини.
Радиои «Озодӣ» менависад, ҳамчунин Вазорати умури хориҷии ИМА аз ҳукми додгоҳи ҷурму ҷиноёти Қоҳира, ки раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсиро ба эъдом маҳкум кардааст, низ изҳори нигаронӣ кардааст.
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста