Дар Украина бори нахуст як сиёҳпӯст вакили порлумони ин кишвар интихоб шуд. Жан Беленюк аз рӯйхати Ҳизби "Ходими халқ" ба порлумон роҳ ёфтааст.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, бино ба натиҷаҳои пешакӣ, ҳизби "Ходими халқ"-и президенти Украина Владимир Зеленский дар интихобот пешсаф аст.

Гуфта мешавад, Беленюк 28 сол дошта, дар шаҳри Киев ба дунё омадааст ва модараш украинӣ аст. Падари Жан Беленюк -- зодаи Руанда дар ҷанги шаҳрвандии ин кишвар дар соли 1994 кушта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Жан Беленюк пеш аз ворид шудан ба сиёсат бо варзиш машғул буд. Ӯ гуфтааст, пас аз интихобот ба фаъолияти варзишии худ хотима мебахшад ва ҳамчунин ният дорад дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио иштирок кунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро барои Украина медали нуқра оварда буд.