Муҳаммад Мирзо Катавозай муовини акнун собиқи раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Афғонистон, ки Телевизиони “1”-и ин кишвар ӯро соҳиби 90 кг тиллову 15 млн доллари қочоқии ошкоршуда дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе номида буд, дар интихоботи дарунмаҷлисии порлумони Афғонистон мақоми худро аз даст додааст.
Мутобиқи қонунгузории Афғонистон дар ҳайати идорӣ (раҳбарӣ)-и Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳар сол (то поёни давраи ваколати маҷлис) як бор интихобот баргузор мешавад. Дар интихоботи нави ҳайати идорӣ Аҳмад Ҷовид Ҷайҳун ба ҷойи Мирзо Катавозай муовини нахусти раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон интихоб шудааст.
Қазияи қочоқи 90 кг тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баҳсҳои фаровоне дар Тоҷикистон дошт. Ин миқдор тилло ва арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон миёнаҳои моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе ошкор шуда буд, ки ахиран бино ба гуфтаи мақомоти қудратии Тоҷикистон ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва 9 нафар - 7 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
Парвандаи ин қазия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтааст, вале то кунун ҳукми додгоҳ содир нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста