Ҳукумати Ӯзбекистон Амрикоро огоҳ кардааст, ки гурӯҳи халобонҳои баландихтисоси афғон ва хонаводаҳояшонро, ки чанде пеш ба ин кишвар омада буданд, аз Ӯзбекистон берун мекунад. Ба гуфтаи онҳо, ин талаби “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) будааст. Дар ин бора, рӯзи 30-юми август рӯзномаи амрикоии “The Wall Street Journal” бо истинод ба мансабдорони ин кишвар хабар додааст.
Ба навиштаи рӯзнома, “Толибон” баргардонидани ҳавопаймо ва чархболҳои низомиеро талаб кардаанд, ки халабонҳо дар миёнаи моҳи август бо онҳо ба Ӯзбекистон парвоз карда буданд.
Сухан дар бораи халабонҳои афғонистоние меравад, ки ки ду ҳафта пеш бо чархболу ҳавопаймоҳои Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба Ӯзбекистон фирор карда буданд. Рӯзи 16 август Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки 22 ҳавопаймои низомӣ ва 24 чархбол, ки дар онҳо 585 низомии мусаллаҳи Афғонистон буданд, ғайриқонунӣ ҳарими ҳавоии кишварро убур кардаанд. Ҳангоми роҳнамоӣ ҳавопаймои МИГ-29-и Ӯзбекистон ва Embraer 314-и Афғонистон ба ҳам бархӯрданд.
WSJ менависад, ки Ӯзбекистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кардааст, ки барои интиқоли халабонҳо ба кишвари сеюм ба хотири "ҷилавгирӣ аз бад шудани муносибат бо Толибон" чораҳои фаврӣ андешад.
Нашрия халабонҳои Афғонистонро, ки ба Ӯзбекистон гурехтаанд, ба далели нақши онҳо дар зарбаҳои ҳавоӣ, ки дар тӯли даҳсолаи охир ба амал омадааст ва талафоти зиёд дар пай дошт, "яке аз душманони ашаддии Толибон" меномад.
“Толибон” ҳамчунин аз Ӯзбекистон даъват карданд, ки ҳавопаймоҳояшонро ба Афғонистон баргардонад, - менависад WSJ.
Вакили конгресс, узви Кумитаи равобити хориҷии Палатаи намояндагон ва собиқ халабони нерӯҳои ҳавоии ИМА Август Пфлюгер аз котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен хоҳиш кардааст, то ба халабонҳое, ки ба хатари интиқоми “Толибон” рӯбарӯ ҳастанд, кӯмак кунад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста