Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тайи як сафар ба Ҷумҳурии исломии Эрон бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон мулоқот кардааст. Қабл аз мулоқот бо Хоманаӣ расонаҳо аз мулоқоти Аҳмад Масъуд бо роҳбарони пешини ҷиҳодиву қавмии Афғонистон, ки баъди суқути Кобул ба Эрон рафтаанд, мулоқот кардааст.
Гуфта мешавад Аҳмад Масъуд дар ин сафараш ба Эрон дидорҳое бо мақомоти дигари эронӣ ҳам доштааст.
Ба навиштиаи хабаргузории "Спутник" Хоманаӣ дар ин дидор аз Аҳмади Масъуд хостааст, ки "талош кунад бо “Толибон” аз дари сулҳу салоҳ ва музокира масъалаи буҳрони Афғонистонро ҳал кунад. Вай гуфтааст, танҳо роҳи ҳалли низоъ ва ҷилавгирӣ аз фоҷиаҳои оянда дар Афғонистон эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои матраҳи сиёсӣ, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст”.
Дар бораи ҷузъиёти дигари сафари Масъуд ба Эрон ва дидораш бо Хоманаӣ маълумоте ба нашр нарасидааст.
Вазорати хориҷаи Эрон дар як нишасти хабарӣ сафари Аҳмади Масъудро ба Эрон як сафари маъмулӣ номид.
Саиди Хатибзода, сухангӯи ВКХ Эрон дар нишасти хабарии рӯзи 8 ноябр дар бораи воқеияти сафари Аҳмад Масъуд ба Эрон гуфт, сафарҳо дар мавзӯи Афғонистон маъмулӣ буда, бо огоҳии Кобул ва дӯстон дар манотиқу гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон сурат мегиранд.
Эрон яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва муҳимми минтақа буда, дар муқовимати Аҳмадшоҳ Масъуд алайҳи "Толибон" дар солҳои навадуми асри гузашта ва 2000-ум аз неруҳои Масъуд ҳимоят мекард.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста