Муҳосираи Мариупол аз сӯи Русия гуфтугӯҳои Киев бо Москваро душвор кардааст, гуфт Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Укроин ва узви гуруҳи музокиракунандаи Киев рӯзи сешанбе.
Подоляк афзуд, ки ҳоло маълум нест, гуфтугӯҳои мустақим миёни ҷонибҳо кай сурат мегиранд. Ба гуфтаи ин узви гуруҳи музокиракунанда, талоши Русия барои тақвияти мавзеаш тавассути ҳамлаҳои нав дар Донбасс яке аз дигар монеаҳои гуфтугӯҳост.
Рӯзи 19 апрел гуруҳи силоҳбадасти "ДНР" аз ҳамлаи нав ба корхонаи "Азовстал" хабар дод. Ин корхона яке аз пойгоҳҳои муҳими муқовимати Укроин зидди ҳамлагарони Русия аст.
Рӯзи сешанбе вазорати мудофиаи Русия ба низомиҳои Укроин, ки аз "Азовстал" ҳимоят мекунанд, пешниҳод кард, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва тасли шаванд. Расонаҳо менависанд, ин севумин пешниҳоди Русия ба ҳомиёни Мариупол аст.
Артиши Русия ва ҷудоихоҳони ба ном "Ҷумҳурии мардумии Донетск" Мариуполро ибтидои моҳи март муҳосира карданд. Аз он замон то кунун "поккорӣ"-и шаҳр идома дорад. Дар ин шаҳр то 3 ҳазор низомии Укроин мавҷуд аст.
Бори охир Русияву Укроин ба таври мустақим барои оташбас ва сулҳ рӯзи 20 март дар Истамбули Туркия мулоқот карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста