Толибон*, ки ба талаби чандкаратаи худ оид ба баргардонидани чархболҳои ҳарбии аз Афғонистон ба Тоҷикистон овардашуда посухи қонеъкунанда нагирифтанд, қувваҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбии худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик меоранд, менависад сомонаи “Военное дело”.
Намояндагони ин гурӯҳ чанд маротиба расмиву ғайрирасмӣ ва дар сатҳҳои гуногун аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, чархболҳоеро, ки халабонҳои ҳарбии Афғонистон замони суқути Кобул аз ин кишвар ба Тоҷикистон интиқол дода буданд, баргардонад. Ҷониби Тоҷикистон бо гузашти як сол, дар мавриди ин чархболҳо расман изҳороте надодааст ва ҳамин тавр, Толибон* ҳам аз Душанбеи расмӣ ҳеҷ посухи қонеъкунанда дастрас накардаанд.
Интиқоли нерӯи ҷангӣ ба сарҳад ҳоло расман аз ҷониби ҳеҷ як мақоми расмии давлатҳои минтақа тасдиқ ё рад нашудааст, аммо намояндагони Толибон* ҳамеша зикр менамоянд, ки ба ҳеҷ як қувва иҷозаи истифодаи хоки Афғонистон барои таҳдид ба кишварҳои дигарро нахоҳанд дод.
Биёсре аз коршиносон ба ин ҳарфи Толибон* бовар надоранд ва мегӯянд, ки ин гурӯҳ худ бо тамоми созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ дорад ва куштори роҳбари “Ал-Қоида”* дар Кобул гувоҳи он аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан низ интиқоли нерӯи иловагӣ ба сарҳади Тоҷикистон мушоҳида мешуд, аммо пойгоҳи иттилоотии “Avia.pro” менависад, ки ин маротиба хатар ҷиддӣ аст.
“Таҳдид ҷиддӣ ва воқеӣ ба назар мерасад, чун агар қаблан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон танҳо дастаҳои бузурги ҷанговарон дида мешуданд, ҳоло мушоҳида мешавад, ки тахникаи ҳарбӣ низ интиқол медиҳанд ва ин аз омодагии ҳуҷуми ҷиҳодиҳо гувоҳӣ медиҳад”, - менависад ин пойгоҳ.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чанде пештар вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, Русия дар пасманзари ҳаводиси Афғонистон сатҳи омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии худ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар нерӯҳои худро боло мебардорад.
Интиқоли нерӯи иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ ба сарҳади Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи чанд муддати охир Толибон* дар сатҳи гуногун ба Тоҷикистон таҳдиди ҷанг мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон пайваста изҳор менамоянд, ки тавони ҳифзи сарҳад ва истодагарӣ ба ҳар гуна таҳдиди берунаро доранд ва барои ин ҳамеша омодаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста