Дар парлумони Британия аз корномаи Аҳмадшоҳ Масъуд – қаҳрамони миллии Афғонистон, ки 21 сол қабл террор карда шуд, ёд карданд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.

Рӯзнома менависад, ки “маросими ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд 7-уми сентябр бо ибтикори ду вакили шотландии парлумони Британия - Элисон Тулис ва Патрик Гред доир гардид”.

Дар ҷараёни маросими ёдбуд ҳамчунин, филми кӯтоҳе аз набардҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Андароби вилояти Бағлон намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмадшоҳ Масъуд 9-уми сентябри соли 2001 дар ҳамлаи террористӣ, дар вулусволии Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор кушта шуд.

Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони милии Афғонистон 2 сентябри соли 1953 дар деҳаи тоҷикнишини Ҷангалаки вилояти Панҷшер, воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул, дар оилаи полковник Шоҳӣ Дӯст Муҳаммадхон таваллуд шудааст.

Ӯ аз машҳуртарин қумандонҳои муҷоҳидини ҷанги Афғонистон бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Толибон* буд. Ҳоло ягона писари ӯ Аҳмад Масъуд бо ташкили Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бар зидди Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, мубориза мебарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.