Бар асари даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳарбии Озарбойҷон ва Арманистон, ки шаби 12-ум ба 13-уми сентябр оғоз шуд, наздики 100 нафар ҷон доданд.
Вазорати мудофиаи Озарбойҷон дар телеграм канали худ навишт, ки дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои арманитабор дар рӯзи гузашта 50 сарбозашро талаф додааст.
Қаблан президенти Арманистон зимни суханронии худ дар парлумони кишвараш аз кушта шудани 49 сарбози арманӣ иттилоъ дода буд.
Даргириҳои мусаллаҳона шаби 12-ум ба 13-уми сентябр оғоз гардида, ҷонибҳо ҳамдигарро барои вайрон кардани созиши оташбас ва иғвоангезӣ муттаҳам мекунанд.
Дар пайи оғози низои нав Арманистон ба Русия ва СААД (ОДКБ), ки Тоҷикистон низ аъзои он аст, муроҷиат карда, хостори кӯмак шуд. Русия аз ҳар ду ҷониб даъват кард, ки ба созиш оянд ва ихтилофро тариқи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳал кунанд. Роҳбарияти СААД бошад, дар сомонаи расмии худ иттилоъ дод, ки нерӯҳои ин созмон ба ин муноқиша дахолат нахоҳанд кард, чун расман Озарбойҷон марзи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътирофшудаи Арманистонро вайрон накардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ихтилофи Озарбойҷон ва Арманистон сари масъалаи Қаробоғи Кӯҳи беш аз 30 сол шуд, ки идома дорад ва сари чанд вақт ба низоҳои мусаллаҳона мепечад.
Низои охир миёни Арманистон ва Озарбойҷон тирамоҳи соли 2020 ҷараён гирифт. Он замон ҳам ду кишвар бар сари минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт. Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки 30 соли ахир зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд. Бар асоси тавофуқ, неруҳои Русия оташбаси миёни Арманистону Озарбойҷонро назорат мекунанд.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста