Рӯзи чаҳоршанбе, 5-уми апрел, бар асари задухӯрд бо пулиси Исроил дар масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас ҳудуди 100 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар натиҷаи ин рейд беш аз 400 нафар боздошт шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Al Mayadeen хабар медиҳад.
Қаблан хабаргузории WAFA бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки нерӯҳои исроилӣ шоми сешанбе бо истифода аз норинҷакҳои садонок, гази ашковар, тирҳои резинӣ ва калтакҳо вориди масҷид шудаанд.
“Ба гуфтаи Ҳилоли Аҳмари Фаластин, пулис аз расидани пизишкон ба ҷойи ҳодиса монеъ шудааст”, - афзудааст манбаъ.
Дафтари матбуоти артиши Исроил субҳи чаҳоршанбе аз партоби нӯҳ мушак аз навори Ғазза ба Исроил хабар дод, ки яке аз онҳо ба корхонае дар шаҳри Сдерот бархӯрдааст.
Вазоратхои корхои хориҷии Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ амали Исроилро қатъиян маҳкум кардаанд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.
Бояд гуфт, ки масҷиди Ал-Ақсо дар шаҳри Байтулмуқаддас барои мусалмонон макони муқаддас дониста шуда, барои ворид шудан ба он ва намоз гузоштан дар он пайваста аз ҷониби нурӯҳои қудратии Исроил бо ҳар баҳона монеаҳо эҷод мегардад. Ин ҳама монеагузориҳо тазоҳуроту задухӯрдро ба миён меорад, ки дар пай захмиву ҳатто баъзан кушта низ доранд.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста