Ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсиро дар Афғонистон манъ карда, изҳор дошт, ки кори онҳо мухолифи шариат аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 август дар Кобул вазири адлия дар ҳукумати Толибон Абдул Ҳаким Шароӣ хабар додааст, менависад Дойче Велле.

“Дар кишвар барои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ асосҳои шариат нест. Онҳо дар хидмати манфиатҳои миллӣ нестанд ва мардум онҳоро қадр намекунад”, - иброз доштааст вай.

То замони дубора зери назорати Толибон қарор гирифтани кишвар, дар Вазорати адлияи Афғонистон зиёда аз 70 ҳизб ба қайд гирифта шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) аз ҷониби Толибон боздошт кардани рӯзноманигоронро дар шаш музофот тайи даҳ рӯзи гузашта хотиррасон кардаанд.

Дар радабандӣ (рейтинг)-и озодии матбуот, ки аз ҷониби созмони “Рӯзноманигорони бидуни марз” таҳия шудаст, Афғонистон миёни 180 давлат зинаи 152-юмро ишғол намуда, Толибон “яке аз бузургтарин душманони озодии матбуот дар ҷаҳон” номбар шудаанд.

Ду сол пеш, 15 августи соли 2021 ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Толибон ҳамагӣ пас аз ду ҳафати хуруҷи Неруҳои байнулмилалии мусоидат ба амният (ISAF) таҳти роҳбарии НАТО аз Афғонистон, кишварро зери назорати худ гирифтанд.

“Ҷомеаи Афғонистон рӯҳафтода ва хаста шудааст. Иқтисод дар ҳоли таназзул қарор дорад. Зиёда аз 20 млн нафар дар ҳоли қашшоқӣ умр ба сар бурда, барои зинда мондан мубориза мебранд”, - зикр кардааст Ҳушал Осафӣ, рӯзномнаигор ва собиқ роҳбари ширкати телевизиону радиои Ariana.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.