Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС дар мавриди марҳилаи аввали нақшаи сулҳи Ғазза ба тавофуқ расиданд. Ин созиш аз ҷумла аз ивази гаравгонҳо ва зиндониёни ду тараф, инчунин ақиб кашидани нурӯҳо аз хатти мувофиқашуда аз сӯи Исроил иборат аст.
Дар ин бора Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шоми дирӯз дар саҳифааш дар шабкаи иҷтимоии “Truth Social” эълон кард. Ин тавофуқ дар натиҷаи музокироти ҷонибҳо бо миёнаравии Қатар, Миср ва Туркия ҳосил шудааст.
Раисҷумҳури ИМА навишт, ки ин тавофуқ маънои онро дорад, ки “ҳамаи гаравгонҳо ба зудӣ озод хоҳанд шуд” ва Исроил “нерӯҳои худро то хатти мувофиқашуда ақиб хоҳад бурд”.
Вай ин рӯйдодро “рӯзи бузург” барои тамоми минтақа хонд.
ҲАМОС ҳам бо нашри изҳороте тасдиқ кард, ки ба созиши поёни ҷанг дар Ғазза розӣ шудааст ва аз миёнаравҳо, аз ҷумла Доналд Трамп, даъват намуд, ки бар иҷрои комили он назорат кунанд.
Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил низ ин тавофуқро “рӯзи бузург барои Исроил” номид ва изҳор дошт, ки ҳукумати ӯ рӯзи панҷшанбе барои тасвиби он ҷаласа хоҳад кард.
Ӯ дар баёнияе гуфт, “бо кумаки Худо ҳамаи онҳоро ба хона бармегардонем”. Ишораи Нетаняҳу ба асироне аст, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд.
Ҷузъиёти марҳилаи аввали созиш
Ҳарчанд ҷузъиёти комили созишномаи оташбас расман нашр нашудааст, манобеи наздик ба музокирот баъзе нуктаҳоро ифшо карданд.
Озодии гаравгонҳо ва маҳбусон. Як манбаи Фаластинӣ ба ВВС гуфтааст, ки тибқи созиш 250 маҳбуси фаластинӣ ва 1 ҳазору 700 сокини Ғазза, ки аз оғози ҷанг аз ҷониби Исроил боздошт шуда буданд, озод карда мешаванд.
Бар ивази ин ба гуфтаи як мансабдори баландпояи Амрико, ҲАМОС дар марҳилаи аввал 20 гаравгони зиндаро озод хоҳад кард.

Кумакҳои башардӯстона. Тибқи гуфтаи як мақоми аршади фаластинӣ, Исроил иҷозат медиҳад, ки ҳар рӯз 400 мошини боркаши кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ворид шаванд ва ин миқдор дар марҳилаҳои баъдӣ зиёд карда мешавад.
Замони иҷро. Интизор меравад, ки агар девони вазирони Исроил рӯзи панҷшанбе онро тасвиб кунад, Исроил 24 соат фурсат дорад, ки нерӯҳояшро ақиб кашад. Тибқи ин, эҳтимол дорад озодии гаравгонҳо аз рӯзи 13-уми октябр оғоз шавад, ҳарчанд ҲАМОС метавонад зудтар амал кунад.
Ба навиштаи ВВС, пас аз эълони оташбас, мардум дар Исроил ва Ғазза шодмонӣ карданд. Хонаводаҳои гаравгонҳои исроилӣ дар Тел-Авив ҷамъ шуда, имкони бозгашти наздиконашонро ҷашн гирифтанд. Дар Ғазза низ тасвирҳое аз шодмонии фаластиниён дар пайи умед ба поёни хунрезӣ мунташир шуд.
Вокунишҳои байналмилалӣ
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), бо интишори баёнияе хостори пойбандии ҳамаи ҷонибҳо ба шартҳои созиш шуд.
Ӯ эълом кард, ки СММ аз “иҷрои комили ин тавофуқ пуштибонӣ” карда, ирсоли кумакҳои башардӯстона ва талошҳо барои бозсозии Ғаззаро афзоиш хоҳад дод.
Гутерриш таъкид кардааст, “ранҷҳо бояд поён ёбанд” ва даъват намуд, ки дастрасии фаврӣ ба кумакҳои башардӯстона дар Ғазза фароҳам гардад.

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё, низ аз ин созиш истиқбол карда, онро “лаҳзае эҳсоси оромиш” хонд ва аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба уҳдадориҳои худ пойбанд бошанд.
Вазъи кунунии ҷанг ва бӯҳрони башарӣ дар Ғазза
Мувофиқи маълумоти охирин, вазъи ҷанг дар минтақаи Ғазза мудҳиш боқӣ мондааст. Ин ҷанг, ки 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд, ба як бӯҳрони азими башарӣ мубаддал гаштааст.
Дар пайи ҳамлаҳои дусолаи Исроил ба Ғазза, беш аз 67 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксарият занон ва кӯдакон мебошанд. Дар ҳамлаи ибтидоии ҲАМОС ба Исроил бошад, беш аз 1 ҳазору 200 исроилӣ кушта ва беш аз 250 тани дигар гаравгон гирифта шуданд.
Қариб тамоми аҳолии Ғазза (тақрибан 2.3 миллион нафар) аз манзилҳои худ овора шудаанд ва дар шароити ниҳоят сахт умр ба сар мебаранд. Ғазза аз сабаби маҳдудиятҳои Исроил ва харобии зерсохторҳо ба камии захираҳои ғизоӣ ва маводи зарурии башардӯстона рӯбарӯ аст.





Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста