Соли гузашта 83 ҳазор зану духтар дар саросари ҷаҳон аз дасти шавҳар (дӯстдошта) ё хешовандонашон кушта шудаанд. Яъне ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 137 зану духтар ба қатл расонида шудаанд.

Ин оморро рӯзи 25-уми ноябр бахши мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ ва “СММ-Занон” ба муносибати Рӯзи байналмилалии барҳам додани хушунат алайҳи занон нашр кардааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки 60% занону духтарони кушташуда (50 ҳазор нафар) аз ҷониби шавҳарон ё аъзои оила кушта шудаанд. Дар муқоиса, танҳо 11% куштори мардон аз ҷониби хонавода ё ҳамсар содир шудааст.

Сара Ҳендрикс, мудири сиёсат, барнома ва корҳои байниҳукуматии “СММ-занон” гуфтааст, фемитсид - куштори барқасдона занон дар як шабонарӯз рух намедиҳад.

"Ин ҳолатҳо аксар вақт бо воситаи назорат, таъқиб, таҳдид ё зӯроварии онлайнӣ оғоз мешаванд, ки бо мурури замон ба хушунати ҷисмонӣ ва дар ниҳоят ба куштор мерасад", - мегӯяд Сара Ҳендрикс.

Дар гузориш, гуфта мешавад, ки баландтарин сатҳи куштори занон дар Африқо ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳар 100 ҳазор зан 3 ҳолати фавт дуруст меояд. Мақоми баъдиро ИМА ишғол кардааст.

Манбаъ омори кишварҳоро ба таври алоҳида наовардааст, аз ин рӯ маълум нест, ки чанде аз ин кушторҳо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли равон гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. Соли 2023-юм 3418 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шуда буд.

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2024-ум дар Тоҷикистон 2 ҳазору 652 шикоят аз сӯи занон аз болои мардон барои хушунат ва зӯроварӣ ба унвонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ворид шуда буд. Ин ҳолат нисбат ба соли 2023-юм 84 ҳолат бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.