Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Кен Гросс ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар маросими пешкаши  феҳристи мавзеҳои таърихии  Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, феҳристи мазкур аз ҷониби Хазинаи сафирони ИМА доир ба ҳифзи мероси фархангӣ бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ маблағгузорӣ гардида, мавзеҳои  муҳимтарини таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Лоиҳаи Хазинаи Сафирони ИМА аз ду марҳила иборат буда баҳри таҳқиқ ва таҳия кардани феҳристи мавзеҳои муҳимтарини таърихии Тоҷикистон равона шудааст.  Ин лоиҳа моҳи сентябри соли 2006 оғоз гардида, моҳи декабри соли 2011 анҷом ёфтааст. Ҳукумати ИМА барои таҳқиқ ва нашри китоб маблағи 61,800 доллари амрикоро ҷудо намудааст. 

Дар рафти татбиқи лоиҳа гурӯҳҳои корӣ иборат аз коршиносони Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллӣ зиёда аз 500 мавзеҳои таърихӣ ва ҳайкалҳоро дар тамоми вилоятҳои Тоҷикистон сабт карда, арзёбӣ намудаанд. Зиёда аз 150-тои онҳо дар феҳристи нашршуда сабт гардидаанд. 

Дар маросим Сафир қайд намуд: “Аз соли 2001 то ин ҷониб Хазинаи Сафирони ИМА доир ба ҳифзи мероси фарҳангӣ  дар 130 давлати дунё нигораҳои фарҳангиро  маблағгузорӣ менамояд. Ин лоиҳа, ки мавзеҳои зиёди таърихиро ба  қайд гирифтааст, ба нигоҳ доштани таърих ва фарҳанги бойи Тоҷикистон равона шудааст." 

Хазинаи Сафирони ИМА доир  ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 бо мақсади нигоҳ доштани  мероси фарҳангӣ дар давлатҳои шарик, таъсис ёфтааст. Аз аввали оғози  ин барнома, Хазинаи Сафирони ИМА доир ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳашт лоиҳаро бо маблағи зиёда аз  390,000  доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон ба монанди ҳифзи мақбараи асри IX Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус  ва барқарорсозии ҳайкали калонтарини Буддо дар Осиёи Марказӣ, дастгирӣ намудааст.