Имрӯз, рӯзи марги устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст, ки камбахтона се сол пеш аз миёни мо бурид. Талош кардам, ки чизи тозае дар бораи ин аҳурои шеъри бедорӣ (таъбири Исфандиёри Назар) бинависам, вале ҳар чи кӯшидам, ин навиштаи се сол пеш дар назарам имрӯзитар тофт. Бо дуруду раҳмати Ҳаққ бар равони поки ин сангардори номуси миллӣ, онро бознашр мекунам.

Устод Муъмин Қаноат дар канори ин ки як шоири тавони тоҷик буд, дар баробари ин ки яке аз сардамдорони шеъри нав ва ҳомиёни андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи комуннистии тоҷик буд, устураитарин ва пуршахсияттарин шахсияти даврони мо низ буд.

Ӯ яке аз самбулҳои озодагиву ҷавонмардӣ ва пойдору бешикаст нигоҳ доштани ҳайсияту обрӯй барои ҷомеаи фикриву фарҳангии мо буд. Шахсияти устод як ойинаи қаднамое буд, ки равшанфикрони мо дар он виқору шоистагиро медиданд ва ба ин пиндор расида буданд, ки бидуни чоплусиву тамаллуқ ҳам метавон шахсият буд ва шахсият боқӣ монд. Шахсияти устод Қаноат бар тамоми талошҳои идеулужик кардани мавқейи ӯ ғолиб омад ва имкон надод, ки болои обрӯй ва иззату икроми иҷтимоиву ҷаҳонияш касоне тиҷорату мансаб дуруст кунанд. Ин буъди шахсиятии устод ӯро аз аксари равшанфикрони дигари мо мутамойиз карда буд ва ин буд, ки тамоми ҷомеаи фикриву огоҳи тоҷик дар сӯгӣ ӯ мотам гирифт.

Муъмин Қаноат аз равшанфикрони камшумори тоҷик буд, ки корномаи эҷоду зиндагияш бидуни лағзишҳои фикриву идеулужик буд ва ҳамеша дар ҳар заминае аз худ шоистагӣ нишон додааст.

Устод Қаноат, ки аз пешгомон ва ё ба таъбири Беҳруз Забеҳуллоҳ “сангарнишинони сангари номуси миллат” буд, дар солҳои 60-уми асри гузашта бо овардани андешаҳои миллӣ, руҳи миллигаройӣ  ва кисти (ҳувият)-и миллӣ ба адабиёти шиорӣ ва идеулужики Шӯравии тоҷик дарунмояи ин адабиётро дучори таҳаввул кард ва равияи фикриву гиройишии наверо дар ин адабиёт бунён гузошт. Устод Қаноат на танҳо ин ҳаракатро дар адабиёт бунёнгузорӣ кард, балки аз шумули адибони ҷавони замони худ ҳаракатеро созмондеҳӣ ва бо истифода аз мавқеи иҷтимоии худ ин ҳаракатро сарпарастӣ кард.

Аз сӯйи дигар худи эшон ба унвони яке аз тавонотарин шоир, хусусан дар офаридани осори ҳамосӣ маҳорати камназир дошт. Устод Қаноат баъди Айнӣ ва Улуғзодаву Турсунзода аз касоне буд, ки бо офаридани осори гаронарзиш адабиёти шӯравии тоҷикро аз маҳдудаи Тоҷикистон ба сатҳи Шӯравӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ баровард. Эшон аз касонест, ки ҳамаи пешрафту ифтихори адабиёт ва ҳаракати равшанфикрии тоҷик дар даврони рукуди Шӯравӣ бо номи онҳо бастагӣ дорад.


Ҳарчанд дар даврони бозсозӣ ва ҳаракатҳои фикриву сиёсии поёни солҳои 80 ва оғози солҳои 90-ум устод Қаноат ба таври физикӣ дар канори яке аз тарафҳо ҳузур пайдо накард, вале аз осори онзамонӣ ва суҳбату мазеъгириҳои баъдияшон ҳувайдо буд, ки эшон бо чӣ андеша ва бо чӣ амалкардҳое ҳамсӯ буданд.

Бузургтарин дошта ва сармояи шахсиятии устод Қаноат ин буд, ки эшон тавонистанд то ба охир мақоми рӯшанфикрии худро ҳифз кунанд ва ҳаргиз зери бор нараванд. Шахсияти устод ба андозае буд, ки дар замоне ҳам ба интиқоди ҳукумат пардохт ва ба унвони як равшанфикр оянданигарӣ карду ҳушдор дод, бо вуҷуди фишорҳову хостаҳо бетағйир боқӣ монд.

Ин буд, ки дар соли 2012 Тоҷикистон натавонист дар сатҳи расмӣ 80-солагии ин шахсияти милливу ҷаҳонияшро таҷлил кунад. Устод бо вуҷуди уқдаҳои сиёсӣ намоди тамкину виқор боқӣ монданд. Тамкин ва бурдбории устод ҳукуматро маҷбур кард, ки дигарбора ба суроғи устод биояд ва бо истифода аз шахсият ва ҳайсияти ӯ костагиҳояшро пур кунад.

Ин шабу рӯзҳо, ки шахсиятҳои муҳими сиёсиву давлатии минтақа ва чеҳраҳори асаргузори илму адабиёту фарҳанг аз сар то сари олам дар сӯги устод Қаноат нишастаанд, ба он маъност, ки мо чӣ қадар як шахсияти муҳиммамонро аз даст додааем. Аммо маросиме дафнеро, ки барои устод Қаноат дуруст кардем маросиме ҳамсанг ба шахсият ва мавзеъву мавқейи эшон набуд. Вуҷуди бузургманишоиҳои бепоя ва нолозим имкон надод, ки ин ҳама эҳтиром ва муҳаббатеро, ки мардум ба устод дошт тайи маросим ва мавқеияти хосе изҳор кунанд. Бадбахтона ин ифтихор ва ин ин имкон аз мардум гирифта шуд.

Марги устод Қаноат ин ақидаро яқин кард, ки ҷомеаи мо то рафт бешахсият мешавад. Шахсиятҳое, ки вуҷуд, дониш, амалкард ва корномаашон битавонад савқдиҳандаи афкор ва тасмимҳо бошад. Дар ин рӯзгори нобасомон надоштан ва ё кам доштани шахсиятҳои асаргузор аз камбудҳои дигари ҷомеаи мост, ки шӯрбахтона ба нафъи мо нест.


Ҳар ҷомеаи озод ва демкоратик барои рушди шахсиятҳо, ҳам сисёӣ ва ҳам иҷтимоиву илмӣ имкон медиҳад, то шахсиятҳо битавонад дар мақоме, ки кору фаъолият мекунанд пешрав гарданд. Ҷомеа вақте аз ҷомеаи шахсиятсоз ба ҷомеаи шахспараст табдил мешавад, намегузорад чеҳраҳои пурнуфузи дигаре дар илм, иҷтимоъ ва сиёсат пештоз гарданд. Мо бояд байни шахспарастӣ ва шахсиятсозӣ фарқ гузорем.

Шахсият касест, ки бо кору пайкор, ҷавонмардӣ ва қаҳрамонкориҳояш ба эътимоди мардум, ҳатто фаротар аз маҳдудаи миллат ва давлати худ даст меёбад. Масалан Аҳмадшоҳ Масъуд. Ҳоло касеро маҷбур намекунанд, ки ту дигар акси Масъудро пеши шишаи мошнинат нагузор, болои мизи корат намон ва ё дар утоқи корат наовезаш.

Аммо шахсиятпарастӣ кори иҷборӣ, амали иедологӣ ва бештар дасткоришуда аст, ки умри кӯтоҳ дорад. Шахспарастӣ дар ҷомеаҳое авҷ мегирад, ки мансабдорон тамоми айбу нуқс ва ноуҳдаброиву корношоямии худро дар зери як шахсияти сохта пинҳон мекунад ва ин шахсияти сохтаро ба сифати сипари идеологӣ истифода мебаранд.

Ҳамеша тарси аз даст рафтани қудрати сиёсӣ, молу сарват ва дигар дороиҳо ҷомеаҳоро ба сӯйи шахспарастӣ савқ медиҳад, вале вуҷуди шахсиятҳои пурнуфуз дар сиёсат бар хилофи рушди шахспарастӣ ва мунҳасир шудани тасмимоти сиёсӣ, ба рушди ҷомеа боис мегардад. Ва бидуни тардид устод Қаноат аз шумули чунин шахсиятҳои даврони мо буд! 

Ёди устураитарин шахсияти Тоҷикистони имрӯз, гиромӣ ва ҷояш биҳишт бод!