Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари бахши варзиши дастаи футболи «Локомотив» (Маскав) Ринат Билялетдинов изҳор дошт, ки имрӯз бо дастаи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ҳайати пурқуввати иборат аз ҷавонони болаёқат қувваозмоӣ хоҳад кард. Таври маълум, шоми имрӯз, соати 17.00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив» (Маскав) доир мегардад.

            Ба гуфтаи ӯ, феълан дар дастаи «Локомотив» зодагони Тоҷикистон – Муҳаммаднаим Шарифӣ ва Манучеҳр Ҷалилов низ ҳунарнамоӣ мекунанд. «Ин вохӯрии рафиқона барои дастаи мо пеш аз қувваозмоӣ бо дастаи «Ростов» дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба футбол як тамрин маҳсуб мегардад», - гуфт ӯ.

            Дар навбати худ, президенти дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» Шариф Назаров таъкид сохт, ки бозии имрӯза барои даста аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он амалан як вохӯрии санҷишӣ пеш аз оғози бозиҳо дар давраи ниҳоии дарёфти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё аст.