Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Олимпӣ чорабиниҳои оммавии варзишӣ баргузор мешаванд. Тавре ба рӯзноманигорон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов хабар дод, чорабиниҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доир карда мешаванд.
Ба гуфтаи намояндаи Кумитаи миллии олимпии ҶТ, чорабиниҳои асосии варзишӣ дар пойтахти кишвар созмон дода мешаванд. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии пойтахт мусобиқоти варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва самбо баргузор мегарданд. Дар кӯли Ҷавонон мусобиқаи қаиқронӣ ва дар варзишгоҳи марказӣ қувваозмоиҳо оид ба варзиши сабук, теннис ва шиноварӣ доир карда мешаванд.
Маликшо Неъматов хамчунин зикр намуд, ки ба ифтихори ин ҷашн Кумитаи миллии олимпии кишвар ба ду варзишгари маъруфи тоҷик – гурзафкан Дилшод Назаров ва дзюдочӣ Расул Боқиев ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Ёдрас мекунем, ки бори нахуст Бозиҳои байнулмилалии олимпӣ бо ташаббуси Пйер де Кубертен соли 1896 баргузор шуданд. Соли 1967 Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар бораи эълони рӯзи 23-юми июн ҳамчун Рӯзи байнулмилалии олимпӣ қарор қабул намуд. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2009 Рӯзи олимпӣ ба таври бошукӯҳу доманадор ҷашн гирифта мешавад.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста