Варзишгари риштаи дзюдои дастаи олимпии Тоҷикистон Расул Боқиев барои шикаст дар Бозиҳои олимпии Лондон аз ҳамватанон маъзарат хост.

«Пеш аз марг падарам маро ба дастоварди хуб ноил гардидан дар Олимпиада ҳидоят намуда буд, вале тақдир набудааст», - гуфт варзишгар.

«Дар оилаи мо ҳама варзишгаранд ва ман ҳамеша орзуи иштирок дар Бозиҳои олимпиро доштам. Соли 2008 ин тақдир насиб гашта, ман дар Олимпиадаи Пекин ба дастоварди назаррас ноил гардидам, вале зимни тамринҳо дар Фаронса, ки аз соли 2009 шурӯъ шуда буданд, ман аз дасту зонуҳоям каме ҷароҳат бардошта, дар аксари тамринҳои баъдиву мусобиқот ширкат варзида натавонистам. Дар ин Олимпиада ман тамоми маҳоратамро истифода бурдам, вале тақдир чунин будааст», - гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ.

Расул Боқиев ҳамчунин гуфт, минбаъд ният дорад, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои Осиё ширкат варзад. «Дастёбӣ ба медали тилло ҳадафи ману орзуи падарам аст ва агар Расул Боқиев ба он муваффақ нагардад, ман шогирдонамро омода сохта, орзуи падарамро ҷомаи амал мепӯшонам», - афзуд варзишгар.

Мавзуна Чориева, ягона ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон аз дастаи Тоҷикистон аз шумори хеле ками варзишгардухтарон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки мебояд ҳарчӣ бештар духтаронро ба варзиш ҷалб кард.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Баҳрулло Раҷабалиев зикр кард, ки синнусоли 13 нафар варзишгарони дастаи олимпии ҳозира 22-23 соларо ташкил дода, ҳадди ақал 10 нафари онҳо қодиранд, ки дар Бозиҳои олимпии навбатӣ ширкат варзанд ва ин барои дастаи Тоҷикистон имконоти хеле хуб барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас аст.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои XXX-уми олимпии Лондон-2012 16 нафар варзишгарони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гӯштии озод), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод) ва Владислава Овчаренко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) буданд.

Дар ин мусобиқот танҳо ба Мавзуна Чориева муяссар шуд, ки барои Тоҷикистон як медали биринҷӣ ба даст орад.