Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петурбург сафари корӣ анҷом дода, дар он ҷо бо президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) Йозеф Блаттер мулоқот кард.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳошияи мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол дар Санкт-Петербург мулоқоти анъанавии президенти ФИФА бо мақомоти раҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ мавқеи ҷонибдории ФФТ аз фаъолияти ФИФА, ташаббусу тадбирҳои он барои рушди футбол дар саросари ҷаҳонро изҳор дошта, аз президенти ФИФА даъват ба амал овардааст, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҳамчунин директори ФИФА оид ба ассостсиатсияҳои миллӣ Терри Реженанс, сарменеҷер оид ба рушд Ева Паске ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев низ ширкат варзидаанд.
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста